Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар давраи таътили тобистона хеле серодам асту кормандонаш серкору сертараддуд.
Чанд соли охир ин ҳолат ба ҳукми анъана даромадааст. Яъне дар давраи таътил наврасони зиёд ба ин даргоҳи илму ҳунар омада, худро номнавис мекунанд ва ба ин ё он маҳфили писандидаашон аъзо мешаванд. Имсол дар марказ теъдоди кӯдакону наврасони номнависгардида бамаротиб зиёд шудааст.
Дар ин робита маъмурияти Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» имрӯзҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки теъдоди зиёди кӯдакону наврасонро ба маҳфилҳо ҷалб намуда, онҳоро аз нозукиҳои касбу ҳунар ва машғулиятҳои писандидаашон бархӯрдор намоянд, то давраи таътилашонро ҳадафноку самарабахш гузаронанд.
Айни ҳол дар муассиса 36 маҳфил фаъолият менамояд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар кӯдакону наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хеш машғуланд. Роҳбарони маҳфилҳои забономӯзӣ (омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ва арабӣ), эҷодӣ-бадеӣ (асбобҳои зарбӣ, асбобҳои нафасӣ, гиторнавозӣ, хорсароӣ, рақс), ҳунаромӯзӣ (дӯзандагӣ, зардӯзӣ, попурдӯзӣ, дастони моҳир, расмкашӣ, рӯзғордорӣ), варзишӣ (таэкван-до, дзю-до) инчунин, маҳфилҳои «Технологияи иттилоотӣ», «Кишваршиносӣ», «Журналистика» хеле серкоранд. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар байни таълимгирандагони маҳфилҳо ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва озмуну мусобиқаҳо ташкил ва баргузор мегарданд, ки дар шавқовару хотирмон сипарӣ намудани давраи таътили хонандагон созгору бамаврид аст.
Тоир Холов,
мудири шуъбаи «Иттилоот ва нашриёт»-и
МД «МКН»-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр