Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ омили асосии комёбист

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева

- Муаллимаи муҳтарам, дар суҳбати аҳли маориф борҳо шоҳиди он будем, ки чун сухан аз комёбиҳои хонандагони мактабҳои кишвар дар озмунҳои гуногун ба миён ояд, ҳатман аз дастовардҳои шоистаи шогирдони таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ёдовар мешаванд. Воқеан ҳам, мактабиёни ин шаҳри бостонӣ солҳои охир доираи фаъолияти худро дар озмунҳои сатҳи мухталиф вусъат мебахшанд. Мехостем аз дастовардҳои тозатарини шогирдони таълимгоҳҳои Хуҷанд сухан ба миён биоваред.

- Албатта, гуворову ифтихорафзост шунидани паёми пирӯзии шогирдон. Вақте ки шогирдон ба муваффақиятҳо ноил мегарданд, сатҳи баланди донишу саводашонро собит месозанд, омӯзгорон фараҳманд аз он мешаванд, ки ҷидду ҷаҳду заҳматашон дар ҷодаи таълиму тарбияи онҳо барҳадар нарафтааст. Ҳоло як навъ тарозуи муайянсози «вазн»-и фаъолияти омӯзгорон маҳз иштироку комёбии шогирдонашон дар озмунҳо гардидааст. Аз ин лиҳоз, «тарозу»-и фаъолияти устодони мо вазни гарон дорад. Бозгӯи такмили пайвастаи ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои шаҳри азиз мост, ки ҳамасола хонандагонамон дар озмунҳои гуногун ба пирӯзӣ мерасанд.

Чанд далеле, ки ҳоло меорам, танҳо ба шашмоҳаи аввали соли равон дахл дорад. Имсол теъдоди калони хонандагони синфҳои 5-11 дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ ширкат варзиданд ва 102 нафар соҳибҷоиза гардиданд. Ба даври ҷумҳуриявии олимпиада 23 нафар хонандаи синфҳои 9 -11 роҳ ёфтанд ва ба натиҷаҳои баланд расиданд: 5 нафар ҷои аввал, 11 нафар ҷои дуюм ва 7 нафар ҷои сеюм. Умуман, дар даврае, ки дар боло гуфтам, дар маҷмӯъ, 47 шогирди мо дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ бомуваффақият ширкат варзида, сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Мувофиқатро бинед, ки мо дар шаҳр расо 47 мактаб дорем.

Хонандагони мо ҳар сол дар озмунҳои байналмилалӣ низ фаъолона ширкат меварзанд ва ҷоизаҳо ба даст меоваранд. Чунончи, моҳи март дар олимпиадаи байналмилалии риёзидонҳои ҷавон, ки дар Тайланд баргузор гашту дар он аз 20 давлати дунё 200 довталаб ширкат варзиданд, хонандагони мо Амир Абдуллозода (синфи 6), Ардашер Ботурхӯҷаев (синфи 8) ва Амир Султонов (синфи 6) сазовори ҷойҳои якуму дуюм ва сипосномаву ҷоизаҳои арзишманд гардиданд. Таҳмина Холиқова ва Далер Дадобоев моҳи январ дар даври ниҳоии озмуни байналмилалии экологӣ барои дарёфти Шоҳҷоизаи Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзида, ғолиби озмун ва барандаи ҷоизаи асосӣ шуданд. Дар озмуни бонуфузи байналмилалие, ки таҳти унвони «Климатическая шкатулка» моҳи апрел дар шаҳри Алма – атои Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, хонандагон Хуршед Комилов ва Гурдофариди Сангин бо пешниҳоду шарҳи лоиҳаҳои «Тозакунии обҳои Сирдарё» ва «Пасткунии сатҳи ифлосшавии ҳаво» ҳар ду ҷои аввалро соҳиб гардиданд. Дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ (АМС) 342 хонандаи синфҳои 4-9 иштирок намуда, 80 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва 17 нафар дар қатори ғолибон ҷой гирифтанд. Боз дар се олимпиадаи дигари байналмилалии фосилавӣ шаш хонандаи таълимгоҳҳои мо шаҳди пирӯзӣ чашиданд.

Дар олимпиадаи ҷаҳонии мактабиён оид ба фанҳои гуногун, ки аввали соли равон дар Ҳиндустон ҷараён ёфт, шогирди мо Улуғбек Аҳлилоев (синфи 9) аз фанни математика сазовори ҷои якум ва медали тилло гашт. Дар ҳамин олимпиада хонандагон Муҳаммад Шамсиев (аз фанни химия) ва Ҳабибулло Саидбоев (аз фанни математика) ба дарёфти мақоми сеюм ва медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Дар озмуни байналмилалии ихтироъкорони ҷавон, ки бо ибтикори СММ баргузор шуд, хонандаи фаъоли мо Иқболхӯҷа Темирхӯҷаев ба гирифтани грант ба андозаи 200 000 рубл ҳуқуқ пайдо кард.

Моҳи июн дар иолати Освегои ИМА бо ширкати 1400 хонанда аз 79 давлати ҷаҳон олимпиада ба пешниҳоди лоиҳаҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар ин озмун ду хонандаи мо – Абдуқаюм Расулов ва Аҳмадҷон Фахриддинов сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар ин боб боз мисолҳои дигар метавон овард, вале ин ҷо бо ҳамин иктифо намуда, танҳо таъкид ба нуктае мекунам, ки дар давоми шаш моҳ 20 нафар хонандаи мактабҳои шаҳри бостонии мо дар озмунҳои байналмилилӣ соҳибони ҷои аввал ва ҷоизаҳои пурарзиш шудандд. Албатта, дар ин ҳама комёбиҳо саҳми устодону роҳбарони таълимгоҳҳо, кормандони шуъбаи маориф ва махсусан, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо барҷаставу назаррас аст.

- Фикр мекунам, ки таваҷҷуҳу ҳавасмандии падару модарон ба таҳсили фарзандон низ дар ин боб аз омилҳои муассиру нақшгузор аст.

- Бисёр хубу бамаврид гуфтеду маро аз ин хусус ёдовар шудед. Воқеан ҳам, аксари волидони хонандагони мо ба таҳсилу тарбияти фарзандонашон, машғулиятҳои онҳо дар мактаб ҳамеша эътиборманданд. Қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулиятафзои волидон гардид. Ҳамкорию ҳамбастагии мактабу оила, дар воқеъ, аз муҳимтарин ҷанбаҳои таъмини муваффақияти шогирдон дар омӯзиш аст.

Дар мо анъанаест, ки дар оғози ҳар соли таҳсил бо волидон оид ба қонуни мазкур маҳфили тавзеҳию машваратӣ дар таълимгоҳҳо ороста мешавад. Дар назди тамоми муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятие таъсис дода шудааст, ки ба амалисозии дастуру нишондодҳои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии қонуншикании наврасон, ташреҳи ҳаводису аъмоли номатлуб, чун экстремизму терроризм машғул мешавад. Дар ҳайати ин комиссия зумрае аз падару модарон низ ворид карда шудаанд. Рӯзҳои шанбе дар мактабҳои мо рӯзи дарҳои кушод барои волидон эълон гардидааст. Мо анъанаи дерин – Университети падару модаронро фаъол кардаем, ки шунавандагони зиёд дорад. Ин ҷо муҳтавои омӯзиш, пеш аз ҳама, он аст, ки волидон фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллию умумибашарӣ, қонунҳову мақаддасоти кишвар тарбия намоянд, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳоро аз ҷониби наврасон пешгирӣ намоянд. Яъне, дар ин самтҳо бо омӯзгорон мунтазам ҳамкорӣ бикунанд.

Падару модарони шогирдони мо дар идоракунии раванди таълиму тарбия, риояи либоси мактабӣ, баргузории чорабиниҳои гуногун ва ҷашнвораҳо, таъмиру муҷаҳҳазсозии дарсгоҳҳо, ободонии атрофи мактабҳо… фаъолона шитркат меварзанд. Воқеан, мо аз ҳавасмандию ҷидду ҷаҳди падару модарон дар омода кардани хонандагон ба озмунҳо хеле қаноатмандем.

- Тавзеҳоти шумо вобаста ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуҷҷати дигар – Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020 – ро ба хотир овард. Ин барномаи муҳим дар таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд дар кадом сатҳ татбиқ мешавад?

- Кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар таълими босамару возеҳи мавзӯъҳо омили басо муҳиманд. Хонандагон дар кабинети хуб ҷиҳозонидашуда худро дар олами ин ё он фанни дахлдор дармеёбанд, шавқу майлашон ба омӯзиш бештар мегардад. Дар мо, албатта, қаблан ҳам дарсгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ буданд, аммо теъдодашон нокифоя буду таҷҳизоташон низ такмилталаб. Тасмим гирифтем, ки дар заминаи барномаи мазкур то соли 2020 дар мактабҳои шаҳрамон иловатан 25 адад кабинети фаннии муҷаҳҳаз таъсис бидиҳем, аз ҷумла, оид ба фанҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ. Танҳо дар соли равон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ташкилу ифтитоҳи 10 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи феврали соли равон бо ҳадафи муҷаҳҳазонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар 15 мактаб 601 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар маҷмӯъ, ҳоло наздик ба 100 адад кабинети фаннию озмоишгоҳ дар таълимгоҳҳои шаҳр дар сатҳи бозгӯй ба талаботи меъёрӣ муҷаҳҳаз сохта шудааст. Хушбахтона, дар ин кор ба мо, ҳамчунин, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва собиқ шогирдони таълимгоҳҳо мададгорӣ мекунанд, ки аз ҳамаи онҳо самимона сипосгузорем.

Дар омади гап мегӯям, ки мо дар масъалаи бо воситаҳои техникӣ таъмин кардани  мактабҳо комёбиҳои назаррас дорем. Айни замон дар 47 муассисаи таълимии шаҳр 71 синфхонаи компютерӣ амал мекунанд, ки дар маҷмӯъ, дорои 1521 компютер, 208 принтер, 131 тахтаи электронӣ ва 173 проектор мебошанд. Ҳамаи синфхонаҳои компютерӣ бо шабакаи Интернет пайвастанд.

- Таъсиси кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, фароҳамоварии шароити созгор барои таълиму тарбия дар дабистонҳо ҳамон вақт самаровар мешавад, ки омӯзгорон фаъолу соҳибистеъдоду тозакор бошанд.

- Ишораатонро фаҳмидам, қабул. Ростӣ, ки дар шаҳри мо ҳайати хеле бонуфузу варзидаи омӯзгорон гирд омадаанд. Беш аз 2500 омӯзгор дорем. Аксари онҳо соҳибтаҷрибаву навовару эҷодкоранд, машғулиятҳояшонро бо шогирдон мунтазам дар сатҳи баланд, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим баргузор менамоянд. Ончунонки дар аввали суҳбатамон гуфтем, худ пирӯзиҳои пай дар пайи хонандагони мо дар озмунҳои ватанию хориҷӣ далели барҷастаи фаъолияти самарбори омӯзгоронамон мебошад. Теъдоди муайяни устодони мактабҳои шаҳр ба эҷоди мақолаҳои методӣ, осори бадеӣ низ машғуланд, муаллифони дастуру китобҳои дарсӣ мебошанд. Дар озмунҳои боэътибори «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» устодони мо ширкати ҳамешагӣ доранд. Соли гузашта мураббияи кӯдакистони №27 Биҳанифа Валиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» гардид. Аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар тамоми ҷашнвораву ҳамоишҳои маърифатию фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат меварзанд, таблиғгари сиёсати хирадбунёди Пешвои миллат дар байни аҳли ҷомеа мебошанд… Мо мекӯшем, ки ба қадри имкон омӯзгорони фаъолу соҳибистеъдод ва эҷодкорро дастгирӣ намоем. Айни замон мутахассисони  мо таҷрибаи пешқадами 9 омӯзгор ва 5 мураббиро барои густариш бахшидан омӯхта истодаанд.

- Зимни як суҳбат, албатта, ба тамоми соҳаҳои фаъолияти шуъба дахл кардан имкон надорад. Ба ҳар ҳол, боз оид ба кадом масоил сухан гуфтан мехостед?

- Воқеан ҳам, соҳаи маориф басо бавусъат аст ва сари ҳар масъалае метавон бардавом суҳбат кард. Масалан, вобаста ба тадбирҷӯиҳо бо ҳадафи  такмили сатҳу сифати таълим, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсию дастурҳои методӣ, бозомӯзии омӯзгорон, тарбияи фарогиру судманди хонандагон, кор бо мутахассисони ҷавон, омодасозии таълимгоҳҳо ба соли нави таҳсил, фаъолияти мактабҳои типи нав, вусъатбахшӣ ба тарбияи ҷисмонии шогирдон, татбиқи низоми таҳсили салоҳиятнок… сухани гуфтанӣ зиёд аст. Шояд боз дар мавриди дигаре аз ин бобҳо суҳбат ороем. Воқеан, мехостам арзи сипос ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намоям, ки пайваста моро дастгирӣ мекунанд. Бо қарори раиси шаҳр имсол барои омодасозии мактабҳо ба соли нави таҳсил 1106000 сомонӣ ва барои таъмири лагеррҳои фароғатии мактабиён 700000 сомонӣ ҷудо гардид.   Мехоҳам он нуктаро низ таъкид намоям, ки ҳоло аҳли маорифи шаҳри бостонии Хуҷанд ҷидду ҷаҳд доранд, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамонро бо дастовезҳои шоиста истиқбол намоянд.

 

Мусоҳибон:

А.МУРОДӢ,

Н.РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»           

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш