Нашрияи Омӯзгор

«Дониш ва ҳунар» ғолибонро муайян кард

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Бо  амри Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019, №АП – 1165 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардидааст.

Ба ин муносибат муассисаи  давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар фароғатгоҳҳои  тобистонаи  «Ҳамсафар»  ва «Кайҳон» - и  шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи ҳамин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки беш аз дусад хонандае, ки таътили тобистонаи худро  мегузаронанд, озмуни «Дониш ва ҳунар» - ро баргузор  намуд. Дар он хонандагоне, ки ба мутолиаи  китобҳои бадеӣ, хониши беруназсинфӣ рағбати зиёд дошта, шеър ва байтҳои фаровон аз бар кардаанд,  дар баробари ин, қобилияти хуби  иҷрои саҳнаеро аз китобҳои хондаашон  доранд, ширкат карданд.

Истироҳаткунандагон – хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа, вилоятҳои Суғду ВМКБ, ки  синни 13 – 14 – ро пур кардаанд, ба гурӯҳҳои  рамзии «Замин». «Офтобак», «Зуҳал», «Маҳтоб» ва «Дӯстӣ» ҷудо шуда,  байни ҳам сабқат намуданд.

Озмун дар ҳавои кушод амалӣ гардид ва бори дигар исбот намуд, ки наврасон ташнаи китобу илм омӯхтан мебошанд. Хусусан, озмуни байтбарак байни намояндагони дастаҳо хеле пурҷӯшу хурӯш ва хотирмон баргузор шуд. Исбот гардид, ки наврасон ба донистани таъбиру мақолҳои халқӣ,  чистону азбар кардани матнҳои тарбиявии адибони классикӣ таваҷҷуҳи хоса доштаанд.

- Мо дар давраи таътили  бачаҳо гузаронидани чунин озмунҳоро зарур шуморидем, - гуфт зимни суҳбат директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» - и Вазорати маориф  ва илми Тоҷикистон Умедҷон Сафарзода. - Чунки мехоҳем завқи бачаро ба таври  муттасил оид ба китобу китобхонӣ бедор  намоем. Албатта, ин кори дастаҷамъист. Барои ба истироҳатгоҳҳо  интиқол  додани  китобу маҷаллаҳо Вазорати маориф ва илм ва худамон аз ҳисоби фонди марказ талоши зиёд намудем. Ҳамарӯза дар ин исттироҳатгоҳҳо ташкили гӯшаҳои китоб низ завқу шавқи бачаҳоро нисбат  ба илмомӯзиву бо китоб унс гирифтан бедор менамояд.

Бино ба гуфти У. Сафарзода,  на танҳо дар ин ду   фароғатгоҳи  номбурда, балки дар истироҳатгоҳҳои воқеъ дар шаҳру навоҳии Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода  дар даври аввали истироҳати бачаҳо низ баргузор гардида, фаъолон – беҳтарин донандагони ашъори ноб ва хонандагони воқеии асарҳои бадеиро кашф намуд. Аз ин мебарояд, ки мо бо бачаҳо бояд бештар кор карда, ба онҳо роҳи илмомӯзӣ, тарғиби китобу китобхониро нишон диҳем.

Раиси кумитаи  иттифоқҳои касабаи маорифи  шаҳри Ваҳдат Холмаҳмад Бӯриев қайд кард, ки дар баробари чор вақт бо хӯрок таъмин кардани истироҳаткунандагони фароғатгоҳи «Ҳамсафар» ба онҳо ҳамшираи тиббӣ, мураббияҳо ва дигар кормандони техникӣ хизмат мерасонанд. Барои истироҳати фарҳангиашон бошад, аз шуъбаи маориф каме  ҳам бошад, бо китобу  маҷаллаҳои вобаста ба синну соли онҳо таъмин карда шудаанд. Директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Кайҳон» Зулфия Султонова  аз дастгириҳои  МД «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» - и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» барои  кумаку дастгириҳои моддиву молӣ, аз ҷумла, таъмин намудани истироҳаткунандагон бо китобу маҷаллаҳои хонданбоб сипосгузориашро баён кард.

Дар ҷамъбасти озмуни «Дониш ва ҳунар» ғолибони озмун – гурӯҳи «Зуҳал» ҷойи аввал, «Дӯстӣ» ҷойи дуюм ва «Замин» ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ғолибон бо Ифтихорномаи МД «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти ило-вагӣ»-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд.

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш