Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи асосии омӯзиш

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Маълум, ки василаи асосии омӯзиш ва таълими мавзӯъҳои нав маҳз китоби дарсӣ ба шумор меравад. Албатта, дар баробари китоби дарсӣ омӯзгори пурмасъулият аз маводу китобҳои илмию методии иловагӣ низ истифода мекунад.

Барои ман, ҳамчун омӯзгори биология китоби дарсие, ки барои хонандагони синфи 11 аз ҷониби олимон А.Маҳмадзиёев, С. Савлатов ва С. Султонов (Душанбе, «Маориф», с. 2015) таълиф гардидааст, хеле писанд мебошад. Дар китоби мазкур мавзӯъҳо бо забони содаю фаҳмо тавзеҳ шудаанд. Дар хатму ҷамъбасти ҳар як боб суолҳои тестӣ оварда шудаанд, ки барои донишазхудкунӣ ва санҷиши зеҳни хонандагон аҳамияти калон доранд. Як хусусияти хеле ҷолиби китоби зикршуда он аст, ки мафҳуму истилоҳоти биологӣ ба таври сода маънидод ва тафсир карда шудаанд, ки ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда дар фаҳму дарки онҳо мушкилӣ намекашад. Таври мисол, дар мавзӯи аввали китоб, ки «Тағийрпазирии ирсӣ» унвон дорад, таърифи мутатсия ба таври зайл оварда шудааст: «Тағйироти ирсие, ки дар заминаи маводи генетикӣ ба амал меояд, мутатсия номида мешавад».

Дар омӯзиши ҳар боби нав(сиклҳои мавзӯӣ) маълумоти мухтасари таърихӣ дар хусуси кашфу ҷорӣ гардидани ину он ҳодисаи биологӣ пешниҳод мегардад, ки барои хонанда муфид мебошад. Аз ҷумла, ҳангоми пешниҳоди боби «Муносибати тарафайни организмҳо ба муҳит» муаллифон иттилоъ медиҳанд, ки: «Истилоҳи биосфераро бори аввал соли 1875 геологи австриягӣ Э.Зюсс ҷорӣ намуд. Баъдтар, соли 1926 олими машҳури рус В. Вернадский таълимотро роҷеъ ба биосфера-табақаи Замин, ки дар он организмҳои зинда паҳн шудаанд, ба миён овард. В.Вернадский фаҳмиши биосфераро на танҳо оид ба организҳо, балки оид ба муҳити зисти онҳо низ маънидод мекунад». Хуллас, «Биология» барои синфи 11 китоби арзишманд буда, дар шинохти организмҳо ва қонуниятҳои дохилии инкишофи онҳо аҳамияти калони илмиро доро мебошад.

Адлия Лоиқова,

омӯзгори биологияи

мактаби №23,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш