Аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Бояд қайд кард, ки таълиму тарбияи фарзанд дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Мутаассифона, имрӯз оилаҳое ҳам пайдо мешаванд, ки ба умеди мактабу омӯзгор дар тарбияи фарзандон саҳлангорӣ менамоянд. Ҳанӯз ҳам волидайне ҳастанд, ки ҳатто дар кадом синф таҳсил кардани фарзандони хешро намедонанд, кӣ будани роҳбари синфашро низ. Гузашта аз ин, тарбияи фарзандро танҳо ба зиммаи мактабу омӯзгор вогузор мекунанд. Албатта, ин нанговар аст, зеро чаҳор ва ё панҷ сол ин як рӯзу ду рӯз нест. Ин дар ҳолест, ки таълиму тарбия аз оила шурӯъ мегардаду нахустмактаб ҳисоб меёбад. Дар ин пайроҳаи пурмасъул мо, волидон ва муаллимонро мебояд талошу кӯшишҳои худро баҳри тарбияи насли ватандӯст дареғ надорем:
Тарбият аз ибтидо сахтӣ диҳад,
Мерасад рӯзе, ки хушбахтӣ диҳад.
Мақсад ин аст, ки мактабу волидайн ҳамвора дар робита бошанд. Чун таътили тобистона идома дорад, волидонро мебояд ба рафтору кирдорҳои фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва онҳо ба беҳудагардию корҳои бефоида машғул нашаванд. Чунки дар шароити имрӯза таҳдидҳои фикрию маънавӣ аз тарафи гурӯҳҳои тахрибкору ифротӣ ба ҳадде боло гирифтаанд, ки бо андаке ғафлат зеҳну фикр ва шуури фарзандони моро дуздида дар ихтиёр ва дар хидмати дигарон қарор медиҳанд. Пас, бояд донист, ки имрӯз тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи миллию ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба андешаҳои миллӣ иртиботи мустақиме ба суботу амният ва ояндаи рӯшани ин марзу бум дорад.
Сафия Гулова,
муовини директори
мактаби № 40-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр