Фестивали байналмилалии «Боми ҷаҳон – 2019» аз 26 то 28 июли соли 2019 дар Боғи фарҳангӣ- истироҳатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва сокинони меҳмоннавози шаҳри Хоруғ самимона истиқбол намуданд.
-Забони гуворои сулҳомези суруду мусиқӣ, рақсҳои дилошӯб пеши роҳи ҳамагуна ихтилофу амали ҷангҷӯёна ва зиддиятҳоро мегирад.
- Ҷаҳониён, аслан, ба фарҳанги аслӣ, ки рӯҳнавозу ҷонбахш аст, ниёзи зиёд доранд, - қайд кард Фрико Томас, яке аз иштирокдорони фестивал.
Дар фестивал ҳунармардони шинохта аз ИМА, кишварҳои Латвия, Қирғизистону Ӯзбекистон, Ҳиндустону Покистон, Афғонистону шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гурӯҳҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок доштанд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр