Нашрияи Омӯзгор

 Тортанаки Дарвин

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Тортанаки Дарвин чунин торҳоеро мебофтааст, ки аз пӯлод ҳам мустаҳкамтар аст. Олимон рафтори тортанакеро, ки номи  Дарвинро гирифтааст, аз ноябри соли 2009 то майи соли 2017 омӯхтанд. Ин «бофанда»  яке аз боғайраттарин тортанакҳо будааст. Гап дар сари он, ки ягон бофандаи дигар дар рӯйи замин мисли ин тортанак торҳои бузург намебофад. Масоҳати тори танидаи ӯ то 3 метри мураббаъ  мерасад. Агар ин торро кушоед, то ба 25 метр мерасад. Боз аҷибаш ин аст, ки агар дигар ҷонварон маҳсулоти бисёр истеҳсол кунанд, сифаташ он қадар хуб намешавад, аммо тортанаки Дарвин чунон бақувват будааст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Олимон як маводи сунъӣ бо номи кевлар ихтироъ кардаанд, ки он аз оҳан панҷ баробар сахттару мустаҳкамар аст, ки аз он ҳатто тир намегузаштааст. Аммо тори бофтаи ин «бофанда» даҳ баробар аз кевлар сахттару мустаҳкамтар будааст.   Ин тортанак одатан торҳояшро болои ҷӯйҳо ва дарёҳои кӯҳӣ мемонад ва даҳҳо намуди ҳашарот ба доми ӯ меафтанд.Ҷойи зисти ин тортанак Мадагаскар аст.

Таҳияи

Ҳотами  Ҳомид,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш