- Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ва маъмурияти донишкада ба он таваҷҷуҳи хоса дорад, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб мебошад, - гуфт дар оғози суханронии хеш, директори донишкада А. Ниёзов. Сол то сол захираи илмию кадрии донишкада рушд намуда, дар соли таҳсили 2019 ҳайати профессорону устодон ба 189 нафар расидааст, ки аз онҳо 6 нафар доктори илм, 17 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар донишкада ихтисосҳои нав аз қабили: технологияи коркарди маҳсулоти моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти чарчинвории чармин, саёҳат ва меҳмондорӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат кушода шуд. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавон роҳбарияти донишкада ба 35 муассисаи олии касбии Федератсияи Россия, Чехия, Чин, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Олмон ҳамкорӣ дошта, ҳамзамон 800 нафар донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии ин кишварҳо таҳсил доранд. Бо мақсади донишҳои назариявии худро дар амалия ҷорӣ намудан маъмурияти донишкада бо 43 корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб шартномаҳои ҳамкории истеҳсолӣ дорад. Соли 2019 донишкадаро 453 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз ҷумла, 372 нафар зинаи бакалавр ва 81 нафар зинаи магистр мебошанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр