Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иттилоъ дод. Мавсуф, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ нимсолаи якуми соли таҳсили 2018-2019-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси санадҳои амалкунандаи соҳаи маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои дохилии донишгоҳ заминаи моддӣ - таълимии донишгоҳ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардид. Имсол 48 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. 89,6%-и омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 3,3% зиёд буда, фаъолияташон беҳтар гардидааст. Дар ҳамин давра фаъолияти парки технологӣ ва базаи техникии он мустаҳкам гардида, ба маблағи 40 000 сомонӣ таҷҳизоти муосири техникӣ харидорӣ карда шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр