Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода доир ба фаъолияти шашмоҳаи вазорат ҳисобот дод.
Чунонки вазир қайд намуд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал мекунад, ки аз ин миқдор бевосита дар тобеияти вазорат ёздаҳ муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, се мактаби олӣ, шаш коллеҷи соҳавӣ, ду мактаб – интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.
- Барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи мамлакат тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги ФР дар Тоҷикситон (Россотрудничество) 54 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии Россия роҳхат гирифтанд, - иттилоъ дод вазир.
Ҳафтаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ Фес-тивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» баҳри баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш ва ғанӣ гардондани фазои фарҳангии кишвар ва даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар рӯзҳои фестивал бештар аз панҷоҳ ҳазор китоб ба намоиш гузошта шуд ва бештар аз 60 ҳазор хонанда ба китобхонаҳо ташриф оварданд.
Рӯзноманигорон, ҳамчунин, аз боби фаъолияти муассисаҳои театрию консертии тобеи вазорат, осорхонаҳо, баргузории ҷашнвораҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, мероси фарҳангӣ, фонди умуии китобхонаҳо, бунёди боғҳои фарҳангӣ ва монанди ин таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ҳотами ҲОМИД, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр