Дар нимсолаи якуми соли 2019 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 28 маърӯза суханронӣ карда, бо кормандони воситаҳои ахбори омма 185 мусоҳиба оростанд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ директори ин ниҳод Қодирзода Диловар Баҳриддин ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иттилоъ дод. Дар ин давра асарҳои зиёди таҳлилӣ оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон ба нашр расиданд. Аз ҷумла, ду китоби сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС - и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов таҳи унвони «Таҳаввулоти низоми маориф дар Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ – фалсафӣ) ва «Илм ва мориф» (тамоюл, мушкилот, дурнамо) – ро ба табъ расонид.
Яке аз вазифаҳои ба зимма доштаи маркази номбурда корҳои ташвиқотӣ – тарғиботист. Дар ин самт кормандони марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд – Исфара (Чоркӯҳ), минтақаи Рашт – Нуробод, Тоҷикобод, Лахш фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои олӣ дар мавзӯъҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ суханронӣ карданд.
Директори марказ афзуд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз як қатор мактабҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Воронеж, Қазон ва Академияи туризми Қирғизистон дар маҷмӯъ, дар МТС – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 191 нафар донишҷӯ таҷрибаомӯзӣ намуданд.
Рӯзноманигорон оид ба самтҳои корҳои илмиву тадқиқотӣ, шӯрои илмӣ, таҳияву гузоришҳо илмӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ мароқ зоҳир намуда, ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр