Дар нишасти матбуотии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ректори донишкада Фозил Обидов дар бораи фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва робитаҳои хориҷии донишкада дар нимсолаи аввали соли 2019 ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал дод.
Бино ба иттилои мавсуф бо қарори Шӯрои олимони донишкада ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ факултаи нав бо номи «Факултаи сайёҳӣ» таъсис дода шуд. Дараҷаи азхудкунии донишҷӯён дар сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2018 – 2019 дар донишкада 76, 9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1, 7 фоиз боло рафтааст.
Ректор зикр намуд, ки тамоми машғулиятҳо тавассути технологияи мусоир сурат мегиранд. Аз ин рӯ, бо мақсади мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ҳаштод компютер, сӣ адад тахтаи электронӣ, бисту ду адад камераи назоратӣ харидорӣ гардида, як синфхонаи иловагии иттилоотӣ тайёр карда шудааст. Дар назар аст, ки то охири сол боз 80 адад компютер харида хоҳад шуд. Аз ин ҳафт ададаш ба мактаб интернати ноҳияи Сангвор ҳамчун муассисаи сарпараст туҳфа мегардад.
Рӯзноманигорон ба ҳаҷми маоши устодони донишкада таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Гуфта шуд, ки ҳанӯз бо қарори раёсат аз якуми январи соли ҷорӣ маоши омӯзгорон мутаносибан аз даҳ то бист фоиз зиёд карда шудааст. Имрӯз донишкада дар масъалаи зиёд будани маош дар байни мактабҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Робитаҳои хориҷии донишкада низ дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ – таҳқиқотии байналмилалӣ густариш ёфтааст. Имрӯз донишкада бо 22 муассисаи хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар баробари ин, роҳбарияти донишкада барои сафарбар намудани омӯзгорону донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни хориҷӣ ва ватанӣ саҳмгузорӣ менамояд. Имсол бори нахуст понздаҳ нафар донишҷӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишкадаи туризм ва хизматрасонии шаҳри Москва фиристода шуд. Айни замон дар ин ҷо 31 нафар аз ИМА, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил доранд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр