Нашрияи Омӯзгор

Теъдоди дорандагони дипломи аъло ду баробар афзуд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Донишкадаи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамагӣ таърихи шашсола дошта, нахустин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи  санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистрҳоро тайёр мекунад.

Моҳи январи соли 2019 донишкада бори нахуст аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт. Дар ин бораи ректори  донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.   

- Яке аз нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ба шумор меравад, - гуфт ӯ.    – Соли ҷорӣ донишкадаро 226 нафар (аз ин 153 дар шуъбаи рӯзона ва 73 нафар дар шуъбаи фосилавӣ) хатм намуданд. Имтиҳонҳоро 13 нафар бо дипломи аъло супориданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст.  Ректор афзуд, ки имсол ихтисоси нав – санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид, ки миқдори довталабон ба он зиёд аст. Ин имкон медиҳад, ки дар минбаъда барои боз ҳам муаррифӣ кардани санъати миллиамон саҳмгузор бошем.

Яке аз самтҳои дигари  фаъолияти донишкада ин ҳамкорӣ бо мамолики хориҷист. Дар ҳоли ҳозир донишкада бо Академияи санъат ва илми шаҳри Лянчжоуи Ҷумҳурии халқии  Хитой, Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи К. Беҳзоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишкадаи  ҳунари  шаҳри Теҳрони ҶИЭ,  Академияи бадеӣ – саноатии ба номи С. Строганови шаҳри Москва ва ғайра ҳамкории мунтазам дорад. Бо онҳо аллакай созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастааст. Дар баробари ин, тасмим гирифта шудааст, ки ба хотири рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ҳамкориҳои дуҷонибаро бо донишгоҳ ва донишкадаҳои тахассусии ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон ба роҳ монад. 

Дар поёни нишаст рӯзноманигорон таҳти роҳнамоии мудири кафед-раи санъати ороиши амалӣ Сабоҳати Абдулваҳҳоб бо корҳои амалии рассомӣ ва ҳайкалтарошии донишҷӯён шинос гардиданд, ки ба онҳо таассуроти нек бахшид.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш