Нашрияи Омӯзгор

Духтарон касб меомӯзанд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Филиали муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб   баҳри амалӣ намудани лоиҳаи барномаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»  омӯзиши касбҳои ғайрианъанавиро дар байни  занону духтарони бешуғл  ба роҳ мондааст. Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи  дуюми омӯзиш аз рӯи касбҳои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, назоратчии сифат, кафшергари барқию  газӣ, челонгар-сантехник, ва назоратчии барқ 60 нафар занону духтарони бешуғлро аз оилаҳои камбизоат ба омӯзиш фаро гирифтаанд . Тибқи шарномаи байни муассисаи таълимӣ, корфармо ва касбомӯз занону духтарон дар ин курсҳои омӯзишӣ ду моҳ таҳсил намуда, ду моҳи дигар маҳорати касбӣ меомӯзанд. Занону духтарони соҳибкасб  баъди хатми курсҳо аз рӯи ихтисосашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. 

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор» 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш