Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони касбӣ намерасанд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Ҷ. Назаров  зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи нақшаи таълимӣ аз рӯи 7 ихтисоси касбӣ 4059 нафар донишҷӯ дар 257 гурӯҳҳои таълимӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар имтиҳонҳои гузариши тобистона тамоми шароитҳои таълимӣ аз тарафи маъмурияти коллеҷ ва шуъбаи таълим фароҳам оварда шуда, синфхонаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва техникӣ, саволномаҳо омода гардид. 4059 нафар ба имтиҳон роҳ дода шуданд. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани машғулиятҳои амалии донишҷуён маъмурияти коллеҷ бо 30 муассисаи табобатӣ шартномаи  тарафайнро ба имзо расонидааст. Дар коллеҷи тиббӣ китобхонаи замонавӣ ва толори китобхонӣ ҳамчун маркази илму фарҳанг баҳри баланд бардоштани маърифати омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад, ки дорои 16 659 номгӯи адабиёти илмию бадеӣ мебошад.  Айни ҳол дар коллеҷ мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣдошта, аз рӯи ихтисосҳои фармакология, терапия, педиатрия намерасанд. Ҳамчунин адабиёти таълимии тиббӣ аз фанҳои фармакология, терапия, педиатрия, кимиёи биоорганикӣ ва бемориҳои дандон нокифоя мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш