Агар ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик назар афканем, мебинем, ки тоҷикон дар тӯли таърих саргузашти пуршебу фарозеро паси сар кардаанд. Миллати тамаддунофари тоҷик дар масири таърих тавонист бо ақлу заковат ва шахсиятҳои шинохтааш обрӯю нуфуз ва ваҳдати худро нигоҳ дорад.
Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ҳастанд, ки барои наслҳои имрӯза ва оянда чун чароғи раҳнамо хизмат карданду мекунанд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз зумраи сабақҳои таърихии тақдирсози миллат эътироф шудааст.
Истиқлолияти бадастомада имконият дод, ки бо ташаббусу кӯшишҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шавад, аркони давлатдории тоҷикон мустаҳкам гардад, фирориёну гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуда, сулҳу суботи ҷомеа ба даст ояд.
Имрӯз тамоми талошу пайкори мо дар бунёди давлатдории миллӣ аз таъмини Истиқлолият ва Ваҳдати мардуми тоҷик сарчашма мегирад ва дар фазои Сулҳу Ваҳдат давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал мегардонем, зеро худогоҳии миллӣ номусу нанг ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ дар ҳар раги мо шарён дорад. Ба шарофати Истиқлолият ба мо муяссар шуд, ки давлати соҳибистиқлоли хешро аз хатари нестшавӣ нигоҳ дорем ва бо талошу заҳмати софдилонаву содиқонаи мардуми хеш ба ҳамаи мақсадҳои некамон бирасем.
Истиқлолият шоҳсутуни кохи миллату давлат буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад.
Зулфия Ахмедова,
омӯзгори мактаби №28,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр