Нашрияи Омӯзгор

Нақши воситаҳои аёнӣ дар дарс

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

Табиатшиносӣ  дар мактаб-интернатҳои махсус (ёрирасон) бо ислоҳи  нуқсонҳо дар  фаъолияти маърифатии хонандагони ақлан қафомонда омӯхта мешавад. Дар ҷараёни омӯзонидани табиати беҷон ва зинда хонандагон бояд  мушоҳида, нутқ ва фикр карданро ёд гиранд.

Истифодаи асбобҳои  аёнӣ дар таълими фанҳо дар асарҳои методистони  гузаштаю ҳозира борҳо таъкид шудааст.

Агар дар дарси табиатшиносӣ воситаҳои аёнӣ бисёртар истифода шаванд, кӯдакони ақлан заиф маълумотро зудтар            аз худ мекунанд. Муҳити атрофи мо пур аз ашё ва растаниҳои гуногун аст. Асбобҳои аёнӣ ба ташкили кори мустақилонаи хонандагон мусоидат карда, фаҳмондани  мавзӯъро осон мегардонад. Ҳар қадар ки нақши воситаҳои аёнӣ зиёд бошад, интихоби он ҳам муҳим аст. Дар вақти интихоби он мазмуни  мавзӯи омӯхташаванда, мақсади дарс, тарзу усулҳои фаҳмондани мавзӯъро ба назар гирифтан лозим аст. Дар вақти гузаштани мавзӯи нав  бояд асбоби аёние интихоб карда шавад, ки он ба шогирдон ягон чизи нав дода тавонад.

Зимни интихоби асбобҳои аёнӣ  синну сол ва дараҷаи дониши бачаҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Дар интихоби асбобҳои аёнӣ       китобҳои  дарсӣ, дастурҳои методӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои методӣ, кумак расонида метавонанд. Барои кӯдакони ақлан заиф агар мавзӯи нав бо аёниятҳо мустаҳкам карда шавад, дарс шавқовар мегузарад. Барои боз ҳам баланд бардоштани дониши хонандагон саволҳои             гуногун додан лозим аст, агар онҳо ҷавобҳои гуногун диҳанд маълум мешавад, ки дарс ба онҳо писанд аст. Барои мисол, кирми лойхӯракро мегирем.       

Савол : кирми лойхӯрак зараррасон аст, ё ин ки фоидарасон?

Ҷавоб: фоидарасон

Барои ин дар як зарф қабат ба қабат хок, реша ва кирми лойхӯракро меандозем ва баъд аз чанд вақт мебинем, ки он омехта шудааст ва кӯдакон ақидаҳои худро дар бораи мушоҳидаҳояшон мегӯянд. Баъдан, омӯзгор ба хонандагон расмҳоро пешниҳод мекунад, ки дар он кирми лойхӯраке, ки баргро ба сӯрохии худ кашонда истодааст, тасвир шудааст ва саволҳои гуногун медиҳад. Масалан:      

- Кирмҳо чӣ кор карда истодаанд?        

- Барои чӣ ба онҳо барг лозим аст?        

- Ба боқимондаи баргҳои дар замин монда чӣ мешавад?     

-Хулосаи худро оид ба кирмҳои лойхӯрак гӯед.          

Бо супоридани вазифаи хонагӣ пешниҳод менамоям, ки дар бораи фоидаовар ва ё зараровар будани кирми лойхӯрак фикр кунед. Дар ҳар як дарс хонандагон тарзи муҳокима, муқоиса ва хулосабарорӣ карданро меомӯзанд. Дар бисёр ҳолатҳо дарсро бо пешниҳоди маълумот оид ба намуди растанӣ ё ҳайвонот оғоз намудан муҳим аст. Масалан, зимни таълими мавзӯи “Парандагон-дӯстони мо”оид ба парандагонро озор додани бачаҳои беодоб ҳикояе меорем ва ба ин васила, раҳму шафқати онҳоро бедор мекунем. Дар ин маврид саҳначае ҳам тартиб додан мумкин аст. Бо ин роҳ хонандагон барои муҳофизати табиат майл пайдо мекунанд.

 

Розия Табарова,

омӯзгори мактаб -

интернати махсуси №2-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш