ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чанде пеш бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Сайфиддин Давлатзода, Латофат Назирӣ, муовинони раисони навоҳии минтақа ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми кишвар, сардорони идораю зерсохторҳои вазорат, инчунин, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод баргузор гардид.
Тавре дар шумораи гузашта гуфтем, дар баробари таҳлили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳамчунин, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид. Дар ин мавзӯъ сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҳокимхон Валиев маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар ноҳияҳои Нурободу Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла, литсейҳои касбии техникии ноҳияи Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва коллеҷҳои муҳандисию техники ноҳияҳои Нуробод, тиббии ноҳияи Рашт ва омӯзгории ноҳияҳои Рашту Лахш фаъолият менамоянд. Таҳлили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Рашт дар семоҳаи соли ҷорӣ нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ камбудию норасоиҳои зиёде ҷой доранд. Пеш аз ҳама, нарасидани китобҳои дарсию маводи методӣ ба забони давлатӣ дар равияҳои техникию технологӣ, базаи таълимӣ, кадрӣ, дар ҳолати хароб қарор доштани баъзе биноҳои таълимӣ, корношоям гардидани қисми зиёди таҷҳизоту анҷоми таълимӣ ба сифати таълим ва сатҳи тайёрии касбии мутахассисони оянда таъсири манфӣ мерасонад. Дар муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ба таҳсил ҷалб намудани довталабон ба миён омадааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Рашт 98 синфхонаю кабинети фаннӣ ва устохонаҳои таълимӣ фаъолият дошта, аз онҳо 23 адад хуб муҷаҳҳазонида шудаасту халос. Биноҳои таълимии литсейҳои касбии техники навоҳии Сангвор, Лахш, коллеҷҳои муҳандисию техники ноҳияи Нуробод омӯзгории ноҳияҳои Рашту Лахш мутобиқ ба талаботи замони имрӯз набуда, воситаҳои аёнӣ, асбобу техникаҳо ва лавозимоти таълимӣ кӯҳнаю дар ҳолати корношоям қарор доранд ва барои аз нав барқарор намудани кабинетҳои таълимӣ маблағҳои зиёд зарур аст. Дар коллеҷҳои муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод, омӯзгории ноҳияҳои Рашту Лахш нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи қисми зиёди ихтисосҳои амаликунанда вуҷуд надорад. Ҳамчунин, дар коллеҷи техникию муҳандисии ноҳияи Нуробод ҷараёни таълим дар ду низоми таҳсилот (анъанавӣ ва кредитӣ) ба роҳ монда шудааст ва раванди таълим дар ҳар ду низоми таҳсил поймол гардидааст. Феълан аз ҳисоби коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш ва Тоҷикобод гурӯҳҳои мақсаднок фаъолият менамоянд. Таҳсили донишҷӯён дар гурӯҳҳои мазкур аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳар як ноҳия аз 3 то 8 гурӯҳи таълимӣ фаъолият менамояд. Боиси нигаронист, ки гурӯҳҳои мақсадноки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи тиб тибқи талаботи «Тартиби фаъолияти гурӯҳҳои мақсадноки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» кору фаъолият намекунанд. Яке аз камбудиҳо дар сатҳи паст қарор доштани сифати донишазхудкунии гурӯҳҳои мақсаднок ин норасоии кадрҳои тахассусӣ мебошад. Ҳамаи омӯзгорон дар гурӯҳҳои мақсаднок ба таври соатбаъй фаъолият меномоянд. Ҳ.Валиев дар идома қайд намуд, ки яке аз проблемаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Рашт нарасидани китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ буда, ин муассисаҳо дар масъалаи даст-рас намудани китобҳо ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат накардаанд. Зимни санҷиш маълум гардид, ки бо вуҷуди он ки тайи чанд соли охир аксари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Рашт китобҳои дарсиро барои бахшҳои 1 ва 2 аз шуъбаҳои маориф ва мактабҳои миёнаи ноҳияҳо дастрас кардаанд, аммо теъдоди чунин китобҳо дар литсейҳои касбии техники ноҳияи Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва коллеҷҳои муҳандисию техники ноҳияҳои Нуробод, тиббии ноҳияи Рашт, омӯзгории ноҳияҳои Рашту Лахш ниҳоят кам буда, дар муқоиса ба шумораи умумии хонандагону донишҷӯён кифоя нест. Аз ҷумла, дар китобхонаи литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Сангвор ҳамагӣ 117 номгӯй китоби дарсӣ, 164 номгӯй китоби тахассусӣ, 102 номгӯй китоби бадеӣ мавҷуд буда, ба сари ҳар як хонанда 3 ададӣ китоб рост меояду халос. Китобҳои мавҷуда ба барномаи таълимии ин литсей ҳеҷ алоқамандие надошта, бозмондаи солҳои пешин мебошанд. Дар китобхонаи коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш бошад, ҳамагӣ 811 номгӯи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ мавҷуд аст. Бояд зикр намуд, ки бе омӯзиши васеи фанҳои таълимӣ ва навиштани корҳои мустақилона, маҷмӯи вазифаҳои хонагӣ, корҳои курсӣ, реферат ва мутолиаи китобҳои дарсӣ ҳамчун мутахассис фаъолият намудани муҳассилин душвор мегардад. Маҳз ҳамин омил ба дониши сусти хонандагону донишҷӯён аз қисми зиёди фанҳои таълимӣ оварда расондааст.
Ҷиҳати ба танзим даровардани раванди таълими низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷчатҳо: варақаи ҳолгузории кори курсӣ, варақаи ҳолгузории таҷрибаомӯзӣ, варақаи санҷиши фосилавӣ, журнали қайди дарсҳо ва давомоти донишҷӯён, маълумотномаи академӣ, нақшаи таълимии фардӣ омода ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид. Айни замон аз 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии минтақаи Рашт танҳо 1 муассисаи таълимӣ (20,0 фоиз) пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, боқимонда ба ин низом нагузаштаанд. Дар муассисаҳои таълимии номбурда раванди қабули санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳоноти ҷорӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.
Бо назардошти пурра ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки сохтор ва воҳидҳои кори муассисаҳои таълимиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби муассиса тасдиқ намуда, маблағгузорӣ дар асоси он ба роҳ монда шавад. Дар охир Ҳ.Валиев изҳор дошт, ки дар синфхонаю қироатхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Рашт ҷойҳои нишаст ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Хобгоҳҳо, толорҳои варзишӣ ва маҷлисгоҳҳо ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. Компютерҳо намерасанд, муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи интернет пайваст нестанд. Дар низоми кредитии таҳсилот иштироки бевоситаи донишҷӯ дар таҳияи нақшаи фардии таълим ва муайян намудани самти таҳсили ӯ, имконияти озодона интихоб кардани қисми фанҳои дар нақшаи таълим дарҷёфта муҳим мебошад. Таъсиси хадамоти машваратчиёни академӣ (эдвайзерҳо ва тюторҳо) бо мақсади кумак ба донишҷӯён дар интихоби фанҳои таълимӣ, истифодаи низоми нави баҳодиҳӣ тибқи холҳо, мустақилият ва озодии академии факултаҳо, кафедраҳо ва устодон дар ҷодаи ташкили раванд ва интихоби усулҳои таълим, болоравии сатҳи такмили ихтисоси устодон ва сифати тадриси онҳо, роҳандозии усули қабули имтиҳонҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ зарур ва саривақтист.
Дар робита бо ин масъала муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода суханронӣ намуда, диққати ҳозиринро ба масоили ҳалталаб ва мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш равона карда, ҳалли мусбати камбудиҳоро аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобид. Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев таъкид намуд, ки сарварони литсейю коллеҷҳоро зарур аст, ки фаъолияти худ-ро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри тарбияи мутахассисони соҳибкасб тамоми чораҳои зарурӣ андешанд.
Ноилшоҳ Нурализода,
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр