Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор набояд ба иштибоҳ роҳ диҳад

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 769        Шарҳ: 0

Ёд дорам, дарси аввалинам 1 феврали соли 2017 дар синфи 7 “Ё” аз фанни геометрия буд. Худро ба хонандагон шиносонида, ба дарс шурӯъ кардам. Пас аз тамом шудани дарс дар вақти аз синфхона баромадан хонандае гуфт: “Муаллима, маъқул шудед”.

Ростӣ, каме дар вазъи ноҳинҷор мондам. Ёд дорам, ҳеҷ гоҳ бо ин тарз ба омӯзгор сухан рондан дар гӯшаи хотир намерасид. Дар назарам дарси гузаштаам ба хонандагон ё маъқул нашуд, ки хонанда бо нотарсӣ ба ман гап зад, ё аҳли синф хостанд омӯзгори навро бо масхарабозӣ “танбеҳ” диҳанд. Ин гуна рӯзҳо мегузаштанду бо феълу атвори кӯдакон зиёдтар ошно мешудам.

Ба хотир меомад давраи наврасии худам, ҳамсинфонам, омӯзгорон, саҳни мактаб, синфхонаҳо. Мавриди муқоиса қарор мегирифтанд насли навраси ҳозира бо 25 сол қабл. Ёд надорам лаҳзаеро, ки ҳамсинфонам ба ҳамдигар бо суханҳои қабеҳу дашномҳои обдор муроҷиат карда бошанд. Дар хотир намерасад суҳбатҳое, ки исми модарону хоҳарони бечораро ҳар сонияе бо шармандагиву пастӣ барои мағлубияти даҳонии ҳамдигар истифода карда бошанд. Ҳатто агар байни якдигар баҳсеро мушоҳида мекардам, пайдо мешуданд нафароне, ки мегуфтанд: “Хап кун, дар ин ҷо духтар”. Лекин имрӯз дашному суханҳои “болохонадори  мӯдгардида” дар забони насли наврас чунон одат шудааст, ки на ҳузури духтарону на ҳузури омӯзгорон ва дигар шахсони калонсол наметавонад онро нигаҳ дорад. Давраҳои аввал, баъди шунидани ҳар сухани қабеҳу ҳақоратҳо шарм карда, худро ба даст мегирифтаму хонандаи беадабро танбеҳ медодам. Рафта-рафта каме бепарвотар шудам. Чунки сари ҳар қадам ва аз ҳар тараф ба гӯш чунин суханони қабеҳ мерасид.

Чи боис шудааст, ки насли навраси имрӯзаи тоҷик ба чунин рӯз афтодааст? Ин суоле ҳаст, ки ҳамарӯза бандаро ба ҳайрат меоварад.

Албатта, на ҳамаи шогирдон гуфтору кирдори ноҷо доранд. Ҳастанд наврасоне, ки рафтору кирдорашон дар ҳақиқат боиси таҳсинанд. Дар вақти гузаштани дарс хонандагоне ба назар мерасанд, ки ташнаи илму маърифатанд.

Дар дарси геометрия баъзан ҳолатҳо бозиҳои шавқоварро, аз қабили кроссвордҳои математикӣ, муаммоҳо ва ғайра дохил намудам, ки хонандагонро шавқманд мегардонад. Аз онҳо дархост кардам, ки аз коғазҳо фигураҳои геометрӣ бурида, дар он чи маҳоратеро, ки доранд, нишон диҳанд.  Баъди ин супориш дучор омадам бо хонандагоне, ки лаёқати баланди рассомӣ, шоирӣ, сурудхонӣ ва ҳунарҳои дигар доштанд.

Фаъолияти омӯзгориам он қадар зиёд набошад ҳам, дарк намудам, ки ин касб паҳлуҳои душвору пурпечутобро дорост. Барои ноил гардидан ба номи пуршарафи омӯзгори ҳақиқӣ, ками дар кам шахси дар ин соҳа фаъолиятдошта ба мақсад мерасад. Омӯзгор ҳеҷ гоҳ набояд ба камбудие дар назди шогирд роҳ диҳад. Агар камбудие аз ҷониби омӯзгор дар назди шогирд аён гардад, шогирд онро то охири умраш дар хотир нигоҳ хоҳад дошт. 

Мушкилии дигаре, ки ба назар зуд аён гашта, қадру манзалати омӯзгорро коста мегардонад, бо лаҳҷа суханронии ӯ мебошад.  Забони тоҷикӣ забони ғанӣ буда, дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ба тарзи ба худ хос суханронӣ мекунанд. Лекин мактаб аввалин даргоҳест, ки шахс на танҳо савод, балки бо тарзи дурусти суханронӣ, одоби муошират дар ҷамъият фарқияти байни бадиву некиро меомӯзад. Ҳамаи ин ҷиҳатҳоро бояд маҳз омӯзгор на танҳо дар дарсҳои тарбиявӣ, балки ҳамарӯзаю ҳамасоата тавассути рафтору гуфтор ва пиндори хеш ба шогирдон  шарҳу тавзеҳ бахшад.

 

Назира Раҷабова,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш