Нашрияи Омӯзгор

160 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Шурӯъ аз 20 июни соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ лагерҳо оғӯши худро ба рӯи кӯдакону наврасон боз намуданд.

Имсол аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар 2252 истироҳатгоҳ бо фарогирии 247740 нафар, аз ин шумора 1348 истироҳатгоҳи наздимактабӣ созмон дода шуданд. Дар лагерҳои мазкур маҳфилҳои гуногун амал мекунанд, ки хонандагон дар баробари истироҳат, инчунин, донишу ҷаҳонбинии хешро густариш мебахшанд. Дар баробари лагерҳои беруназмактабӣ лагерҳои наздимактабӣ низ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар фаъол ҳастанд. Лагери наздимактабии №37-и  ноҳияи Сино аз ҳамин қабил ба ҳисоб меравад. Аз шодиву нишоту кӯдакон дарк кардан мумкин аст, ки масъулин шароити хуби истироҳатию фароғатиро барои хонандагон фароҳам овардаанд. Зимни суҳбат бо роҳбари истироҳатгоҳ, омӯзгори варзида Рухшона Файзуллоева маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур дар давраи истироҳат хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба фароғат ҷалб гардидаанд. Дар раванди истироҳат дар ин ҷо маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои англисиву русӣ, варзишӣ (аз қабили шоҳмот, расмкашӣ, шашка), компютерӣ ва ғайра гузаронида мешаванд. Хонандагон дар вақти муайян ба шиноварӣ машғул мегарданд ва бо ду вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар лагери мазкур дар чор давра 160 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Ҳар як баст чил нафарро дар бар мегирад. Ҳоло дар лагери номбурда басти сеюм ҷараён дорад. Аз суҳбат бо кӯдакон аён гардид, ки онҳо аз ғамхориву меҳрубонии мураббияҳо хеле мамнунанд. Онҳо муносибати модаронаи мураббиёнро ситоиш карданд.

Р. Файзуллоева қайд кард, ки ба  нигоҳубуни кӯда-кон мураббияҳо Ситора Худойқулова, Гулчеҳра Ҳоҷиева ва Роҳила Бобохонова машғул мебошанд. Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки хонандагон дар баробари истироҳат, инчунин, рӯзҳои муайян аз ҷойҳои фарҳангии шаҳр дидан менамоянд. Зимни шиносоӣ бо боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, марказҳои маданиву маърифатӣ - Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ  дар замири онҳо меҳри китобу фарҳанги миллӣ бештар мегардад ва онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияву камол меёбанд.

 

О. НАСРИДДИН,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш