Ба мактаб омода кардани кӯдакон масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, диққати ҷиддиро аз волидон талаб мекунад. Ҳамчун омӯзгор аз ин боб ба волидон якчанд маслиҳат пешниҳод мекунем. Аз кӯдакон ҳама чизро якбора напурсед.
Талаботе, ки аз кӯдаки худ доред, бояд ба хислат ва синнусоли вай мувофиқ бошад. Лаёқату истеъдоди кӯдак якуякбора пайдо намешавад. Ӯ акнун ба хондан шурӯъ мекунад, бинобар ин, вайро бо душвориҳои эҳтимолӣ натарсонед.
Ҳар як кӯдак иштибоҳ мекунад. Муҳим ин аст, ки вай аз хатоҳо натарсида, барои ислоҳи онҳо кӯшиш кунад.
Дар иҷрои вазифаи хонагӣ ба вай ёрӣ расонед, аммо ба ҳар кори ҷузъии вай дахолат накунед. Ба фарзандатон имкон диҳед, ки корҳояшро худаш мустақилона анҷом диҳад. Ба ӯ фаҳмонед, ки ашёву анҷоми мактабиашро бо тартиби муайян ва тозаю озода нигоҳ дорад.
Рафтори боодобонаи кӯдак муҳити маънавии хонаводаро бозгӯ мекунад. Ба наврас бояд аз хурдсолӣ чунин суханҳои зебо, аз қабили «Раҳмат», «Бахшиш», «Иҷозат аст, ки ман..»-ро омӯзонед ва ба калонсолон «Шумо» гуфта муроҷиат карданро ёд диҳед.
Ба кӯдак мустақилона хӯрок хӯрдану либос пӯшиданро омӯзонед. Агар кӯдак корҳояшро мустақилона анҷом диҳад, вай шахси меҳнатдӯсту қавиирода ба камол мерасад.
Дар рӯзҳои аввали мактабравӣ одатан кӯдак худро каме ноҳинҷор ҳис мекунад ва дар анҷоми баъзе корҳо душворӣ мекашад. Хеле муҳим аст, ки дар марҳилаи муҳими зиндагиаш мададгори вай бошед. Ба мушкилоти фарзанд ва масъалаҳои вобаста ба раванди таълим чашм напӯшед, беҳтар аст, ки онҳоро сари вақт ҳал кунед.
Ҳангоми мутолиаи китоб матнҳои хурдро бо фарзандатон таҳлил намуда, дар доираи он бо ӯ саволу ҷавоб кунед. Ин сабаб мегардад, ки кӯдак матнро бурро хонаду ақидаи худро баён намояд.
Аз саломатии кӯдак доимо огоҳ гашта, хислату миҷози ӯро бояд хуб дониста бошед. Ба фарзандатон ваъдаи бисёр надиҳед. Агар ба кӯдак чизеро ваъда дода, онро анҷом надиҳед, дар оянда ба шумо бовар намекунад.
Кӯдак бояд бозӣ кунад, зеро дар рафти бозӣ бисёр чизҳоро меомӯзад. Беҳтар аст, ки ҳамроҳи вай бозӣ кунед, дар ин сурат имкон доред, ки аз фикру андешааш огоҳ шавед.
Дар назди телевизор ва компютер нишастани кӯдакро тибқи реҷа муайян кунед. Агар ӯ дар давоми рӯз 1 соат телевизор тамошо кунад ва ё сари компютер нишинад, кифоят мекунад, меъёри аз ин зиёдтар ба саломатиаш зарар дорад.
Азмиддини Айнуддин,
Зарнигори Васлибег,
омӯзгорон аз
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр