Нашрияи Омӯзгор

Ҷайҳун: ба бунёди  муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ мебояд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

Мо се сол қабл аз ин ба ноҳияи Ҷайҳун сафари  хизматӣ доштем ва пас аз пурсуҷӯю суроғ ниҳоят шуъбаи маорифро дарёфт намудем, ки он дар бинои кӯдакистони ноҳия ҷойгир шуда буд. Он замон бо таассуфу нигаронии зиёд роҳбарони шуъбаи маориф иброз намуда буданд, ки солҳои зиёдест шуъбаи маориф бинои алоҳидаи худро надораду кормандони он гоҳ дар ин идораю гоҳ дар идораи дигар «иҷоранишин» мебошанд. Ҳамчунин, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи  иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҳуҷраҳои куҳнаи кӯдакистони номбурда ҷой гирифтаанд.

Бо гузашти се сол дар ин самт ягон дигаргунӣ ба амал наомадааст. Ҳанӯз шуъбаи маориф, марказҳои таҳсилоти  иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ чун пештара дар бинои кӯдакистон ҷойгир мебошанду соҳиби бинои нав гардиданашон маълум нест. Дар қаламрави ноҳия 45 муассисаи таълимӣ фаъолият  мекунад. Боиси таассуф аст, ки 12 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранду солҳои зиёд рӯйи таъмири асосиро надидаанд. Ҳамчунин, дар чордаҳ таълимгоҳ ба сабаби норасоии  ҷойи нишаст машғулиятҳо дар се баст ба роҳ монда шудаанд. Ба тасдиқи мудири шуъбаи маориф Назирмат Давлатзода, дар муассисаҳои таълимии ноҳия, дар маҷмӯъ, чор ҳазор мизу ҳашт ҳазор курсӣ ва 147 адад тахтаи синфӣ намерасад. Дар хусуси ташкили кабинетҳои синфӣ бо дастгоҳу васоити технологияи нави замонавии муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои лингофонӣ дар ноҳия ҳоҷати гап ҳам нест. Дар ноҳия ду муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки барои як ноҳияи калони сернуфус  ин теъдод хеле кам аст.

- Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо, аҳли маорифи ноҳия бо дастгирию кумаки ҳукумати ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мададу ҳашари мардум дар бунёди синфхонаю биноҳои иловагӣ саҳм мегузоранд, - мегӯяд Н. Давлатзода  ва тавзеҳ медиҳад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ  273 синфхонаи  иловагӣ, аз ҷумла, соли 2018 дар назди 14 муассиса 18 синфхона сохтаву ба истифода дода шудааст. Сохтмони 49 синфхонаи иловагӣ идома ёфта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор  дорад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии омӯзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон, ба мушоҳида мерасад. Вақте ки дар мактабҳои ноҳия омӯзгорони ихтисосманд аз фанҳои химия, физикаву математика, забонҳои хориҷиву русӣ ва технологияи иттилоотӣ кифоят намекунад, чӣ тавр дар хусуси баланд гардидани  сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон метавон ҳарф зад?

Соли ҷорӣ толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун дар самти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 1818 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1123 нафар (346 нафарашон духтаронанд) аз қайд  гузаштанд, ки ин дар маҷмӯъ, 62, 3 фоизро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи умумии компютерҳо  811 адад буда, аз ин теъдод 214 адад корношоям ва 234 адади дигар таъмирталаб  мебошанд. Теъдоди  тахтаҳои электронӣ панҷ ва видеопроекторҳо 11 ададро ташкил медиҳад, ки ин дар шароити ноҳия хеле кам аст. Дар мактабҳои ноҳия нокифоятии китобҳои дарсӣ баръало ба мушоҳида мерасад.

Соли равон аз курсҳои  такмили ихтисос ва бозомӯзӣ 309 нафар устодону омӯзгорон гузашта, маҳорату малакаи педагогии худро баланд бардоштанд. Ба курсҳои омӯзишии муносибати босалоҳият ба таълим бошад, дар умум, 795 нафар фаро гирифта шудаанд.

Соли ҷорӣ дар озмунҳои гуногуни сатҳи  вилоятӣ 108 нафар хонандаи  таълимгоҳҳои ноҳия ширкат варзиданд ва сазовори ҷойҳои аввал  гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои фосилавӣ, байналмилалӣ ва амсоли ин ду нафар хонандаи муассисаҳои таълимии рақамҳои 3, 10 иштирок ва сазовори ҷойи якум (медали тилло) ва сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд. Соли гузашта як амали дуздӣ аз тарафи чор нафар хонандаи синфҳои 10, 11 ба  қайд гирифта шуда, номбурдагон тибқи моддаи 244  ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Хушбахтона, ба  тасдиқи мудири  шуъбаи маориф, ин ҳодисаи ягона буда, баҳри  ҷилавгирии  хонандагон аз амалҳои ҷиноӣ чораҳои муассир дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи корҳои дохилии ноҳия андешида мешавад. Омӯзгорон аз имтиёзоти ба онҳо муқарраргардида вобаста ба шароиту имконияти  мавҷуда то андозае бархурдор буда, тайи панҷ соли охир мутахассисони ҷавони зиёде бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.

Таъмиру тармими  муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил, ҳамчунин, захираи ҳезуму ангишт баҳри зимистонгузаронӣ хуб ба роҳ монда  шуда, аксари   мактабҳо аз таъмир бароварда шуданд, ки дар ин кор саҳми волидони хонандагон ва сокинони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  бузург мебошад. Тибқи нақша соли таҳсили нав бояд 300 тонна ангишт, 845 метри кубӣ ҳезум захира  карда  шуда, мактабҳо бо 1250 литр сӯзишвории  дизелӣ таъмин гарданд. Интиқоли ангишт ба муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардидааст.

Чунонки маълум аст, ҳоло истироҳати тобистонаи  хонандагон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Аз маълумоте, ки дар шуъбаи маориф ба мо пешниҳод намуданд, аён мешавад, ки даври якуми  истироҳати  тобистона  дар 35 муассисаи таълимӣ гузаронда шуда, вобаста ба шароиту  имконоти мавҷуда ба лагерҳои истироҳатӣ – меҳнатӣ 270 нафар, варзишию беҳдоштӣ 50 нафар, фароғатӣ - таълимӣ 1230 нафар, муассисаҳои томактабӣ 250 нафар ва ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ду нафар фаро гирифта шудаанд. Дар умум, ба даври аввали истироҳати  тобистона 1800 нафар наврас ҷалб гардидаанд. Аз Н. Давлатзода дар хусуси бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ пурсон гардидем.

- Воқеан, мувофиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 -2021» бояд 10 муассисаи таълимӣ дар ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдати миллӣ», «Панҷ», «Яккадин», «Қумсангир», «Истиқлол» сохтаву то таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Мутаассифона, ба сабабҳои номаълум сохтмони биноҳои мактабҳои мазкур то ҳанӯз оғоз нагардидааст.

Шодӣ  РАҶАБЗОД,

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»,

Душанбе – Ҷайҳун - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш