Дар соҳаи маорифи кишвар дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тағйироти бузург ба вуҷуд омадаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муносибати босалоҳият дар таълим татбиқ шудааст, ки ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат менамояд.
Дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низоми кредитии таҳсил амалӣ шуд, ки имконоти зиёдро баҳри донишомӯзи фароҳам омад. Вобаста ба татбиқи амалии низоми кредитии таҳсил дар низоми таҳсилоти миёнаи касбии кишвар бо сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимхон Вализода ҳамсуҳбат гардидем. Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷӣ, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷиҳати татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Бо мақсади амалӣ намудани низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба «Талаботи минимуми ҳатмии Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ (фанҳои блоки 1 ва 2-и нақшаҳои таълимӣ) тағйироту иловаҳо бо нишон додани ҳаҷми кредит таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар робита бо қабули ҳуҷҷати мазкур Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти самту ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 01.10.2016, №418) ба тасвиб расид, ки дар он сарбории таълимии донишҷӯён дар тамоми шаклҳои таълимӣ (дар ҳафта), сарбории донишҷӯён (дар ҳафта) дар дарсҳои таълимии омӯзгорон, соати академӣ дар низоми кредитӣ муайян шудааст.
Дар идомаи суҳбат Ҳ. Вализода қайд кард, ки ҷиҳати ба танзим даровардани раванди низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷҷатҳо: варақаи холгузории кори (лоиҳаи) курсӣ, варақаи холгузории таҷрибаомӯзӣ, варақаи санҷиши фосилавӣ, журнали қайди дарсҳо ва давомоти донишҷӯён, маълумотномаи академӣ, нақшаи таълими фардӣ, транскрипт (маълумотномаи академӣ), дафтарчаи донишҷӯӣ омодаву дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷрои банди 1 Номгӯи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.2007, №529) дар асоси мактуби дастурии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2013, №14/2-611 гузариши муттасили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот аз оғози соли таҳсили 2013-2014 ба таври заминавӣ (пилотӣ) як ихтисос ба низоми кредитии таҳсил гузашта буданд, ки аз 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 18 муассиса (34,0 %)-ро ташкил медод.
Айни замон, 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (100,0%) пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд. Гузариш ба низоми нави таҳсилот на фақат тағйироти куллиро дар заминаи моддӣ-техникӣ, балки сифатан тағйир додани технологияи таълим ва идоранамоии онро тақозо менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии омӯзгорон оид ба таҳсилоти кредитӣ семинар, конфронс, мизи мудаввар ва курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешавад. Дар курсҳои мазкур оид ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот, аз ҷумла, самтҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва методӣ, инчунин, системаи баҳогузорӣ ва холдиҳӣ, рейтингҳо, тартиб додани силлабус, ҳуҷҷатгузорӣ дар системаи низоми кредитӣ омӯзонида мешавад. Ҷиҳати амалишавии низоми мазкур заминаи моддӣ-техникии муассисаи таълимиро, аз қабили ташкили синфхонаҳои нави таълимӣ, харидории мизу курсӣ, компютер, принтер, проектор ва тахтаи электронӣ ғанӣ гардонида, барои гузаронидани санҷишҳои ҷорӣ (рейтинг) марказҳои тестӣ ташкил намуданд.
- Дар баробари муваффақиятҳо дар раванди низоми кредитии муассисаҳои таълимӣ камбудиҳо низ мавҷуданд. Бо назардошти гузариш ба низоми мазкур ва қабул шудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тибқи талаботи Низомномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявию таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи таълимии намунавӣ таҳия ва тасдиқ шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Тибқи талаботи низомномаи мазкур нақшаи таълимии фардии донишҷӯ дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ ва феҳристи фанҳои интихобӣ бо қарори Шӯрои омӯзгории муассисаи таълимӣ барои ҳар як соли таҳсил аз семестри дуюм бояд тасдиқ карда шавад, - иброз дошт Ҳ. Вализода. - Тибқи банди 6-и Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 24 соат муқаррар карда шудааст.
Бо мақсади ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи «Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалишавии низоми таҳсилоти мазкур дар сохтори муассисаҳои таълимӣ воҳидҳои кории иловагӣ ташкил карда шудааст. Мутаассифона, дар аксари муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷиҳати ҷудо намудани ҷойҳои иловагии воҳиди корӣ монеа эҷод менамоянд.
Дар аксари муассисаҳои таълимӣ гарчанде ки тӯли 4 сол бо ин низоми таҳсил фаъолият намоянд ҳам, то имрӯз эдвайзер фаъолият намекунад, ки хилофи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот мебошад. Ҳамчунин, компютерҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи Интернет пайваст набуда, дар онҳо китобхонаи электронӣ низ ташкил карда нашудаанд, ки ин раванд барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос монеа эҷод менамояд.
Раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи нақшаҳои таълимии тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Санҷишҳои фосилавӣ дар муҳлатҳои нишондодашудаи нақшаҳои таълимӣ сари вақт гузаронида мешавад. Рӯйхати донишҷӯёни низоми таҳсилоти кредитӣ, варақаҳои шахсӣ, ҷадвалҳои дарсӣ, ҷадвалҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонӣ, варақаҳои имтиҳонӣ, қарздории академии донишҷӯён, корҳои хаттии донишҷӯён, нархномаи як кредит вобаста ба ихтисосҳо ва тақвимҳои академӣ бо тартиби муайян дар ҷузвдонҳои алоҳида дар утоқи кории деканати факултаҳо ва ё эдвайзерон нигоҳдорӣ мешаванд.
Тибқи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот бақайдгирии донишҷӯён ҷиҳати номнависша-вӣ ба омӯзиши фанҳои таълимӣ (ҳатмӣ, интихобӣ), интихоби омӯзгорони фаннӣ ва гурӯҳбандӣ барои соли нави таҳсил аз ҷониби маркази бақайдгирӣ ва машварат дар мувофиқа бо факултаҳо ва кафедраҳо дар давоми моҳи апрели соли таҳсили ҷорӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар аксари таълимгоҳҳо барои қабули имтиҳонҳои ҷорӣ барномаи махсуси компютерӣ насб карда нашудааст. Аз ин сабаб тестҳо ба таври хаттӣ қабул карда шуда, омӯзгорон натиҷаи онро дастӣ ҷамъбаст намуда, ба қисми таълим ва эдвайзери факулта месупоранд. Ҳамчунин, аз тарафи роҳбарияти таълимгоҳҳои номбаршуда барои донишҷӯён рақами махсус (ID) ташкил карда нашудааст, ки барои қабули санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ монеа эҷод менамояд. Ғайр аз ин, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, имтиҳони ҷорӣ, GPA-и донишҷӯёнро эдвайзерон ба таври хаттӣ ҷамъбаст менамоянд, на ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ.
Дар охир сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҳокимхон Вализода пешниҳод намуд, ки ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ба таври презентатсия бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ ва технологияи муосир ба роҳ монда шавад. Дар муассисаҳои таълимӣ кафедраҳо ташкил карда шуда бошад ҳам, онҳо ба талаботи Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарда, дар сохтори аксари муассисаҳои таълимӣ ворид карда нашудааст ва дар басти вазифаҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда намешавад. Ин омил боиси дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани мудири кафедра ва дуруст ба роҳ намондани корҳои таълимию тарбиявӣ, касбомӯзӣ ва илмию методӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон гардидааст.
Гузариш ба низоми нави таҳсилот на фақат тағйироти куллиро дар пояи моддӣ-техникӣ, балки сифатан тағйир додани технологияи таълим ва идоранамоии онро тақозо менамояд. Аҳамияти технологияҳои ҷадид ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ дар ҷараёни низоми кредитии таҳсилот муҳим буда, дар меҳвари ин раванд омили инсонӣ - муносибат, масъулият, тафаккури нав, дониш ва маҳорату малакаи омӯзгор қарор дорад. Ҳарчанд ки гузариши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин низоми таҳсил қаноаткунанда бошад ҳам, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки баҳри амалишавии низоми таҳсили мазкур, мутобиқ сохтани пояи моддӣ-техникии муассисаи таълим, таъминот бо технологияҳои муосир ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ ҳамвора талош намоянд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр