Дар бораи таърихи ёдгории қадимаи халқи тоҷик Саразм (яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ) профессор Абдулоҷон Исҳоқов навиштаанд: “Кашшофи ин ёдгорӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯралӣ Тайлонов ва духтари ӯ Ҷамила Бобомуродова мебошанд. Соли 1976 Ҷамилаи 8-соларо падараш Ашӯралӣ ба шаҳри Панҷакент овард.
Ҷамила хоҳиш кард, ки осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро тамошо кунад. Онҳо ба осорхона-музей ворид гаштанд. Падар аз паси духтарчааш гашта, ба ин ё он нигора таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Чашми ӯ ба табарчаи гаҷие меафтад. Ин табарча нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент ёфташуда буд. Акои Ашӯралӣ изҳор мекунад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин табарро ёфтааст, агар барои осорхона лозим бошад, метавонад онро туҳфа намояд. Кормандони осорхона ин таклифро ба археолог А. Исҳоқов хабар доданд. Ин хабари хушро шунида, ӯ савори мошини экспедитсионӣ ба деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) ба ҷустуҷӯи бозёфт ба хонаи Ашӯралӣ меравад. Ҳамин тавр, моҳи сентябри соли1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён – Саразм кашф гардид. Аз ҳамин рӯз омӯзиши таърихи ёдгории Саразм - яке аз марказҳои фарҳангии кофтуковӣ, археологии қадимаи водии Зарафшони халқи тоҷик сар шуда, имрӯз ба маркази тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст” .
Саразм, ҳақиқатан ҳам, ҳамчун объекти сайёҳии фарҳангӣ эътироф гардида, ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳон ба тамошои ин мавзеи таърихӣ меоянд. Дар бораи таҳлил ва омӯзиши таърихи Саразм ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ олимони ватанию ҳориҷӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла, дар бораи бозёфти Саразм директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС академик Бобоҷон Ғафуров чунин навишта буд: «Дар айни вақт бо ҳафриёти дигар қисмҳои шаҳр А.И.Тереножкин ба кофтукови арк сар кард. Солҳои охир дар ин қитъаи ҳафриёт археологи ҷавон А.Исҳоқов бомуваффақият кор мекунад». Омӯзиш давом дорад. Дар давоми зиёда аз 40 сол ба Саразм ҳазорҳо сайёҳи ватанию хориҷӣ ташриф оварда, дар ҷаҳонӣ гардидани он саҳми худро гузоштаанд. Ба муносибати эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи мардум ба ин мавзеи таърихӣ боз ҳам афзуд. Дар асоси омӯзиши ёдгории таърихии мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Ҳамчун осори бостоншино-сӣ дар бораи таърихи Саразм аввалин бор олими бостоншинос, номзади илмҳои таърих, дотсент Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) колхозчӣ Ашӯралӣ Тайлонов маълумот медиҳад.
Ёдгории археологии Тоҷикистон - Саразм имрӯз яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Саразм - димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи 6 – 11 то милодӣ), 15 километр ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд (пештара Ленинобод), 40 километр шарқтар аз шаҳри Самарқанд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 – 100 гектар. То соли 1985 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда буд. Масоҳати бинои аввал 180 м кв буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м. кв масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м. кв буда, 13 хона дорад.
Хонаҳои истиқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа (6 – 12 м.кв), бари даромадгоҳҳо хурд (50 – 75 м.кв), фарши хонаҳо ба андозаи 75 – 95 см оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча иҳота кардааст, ки ғафсиаш 8 – 12 см, баландиаш 9 – 10 см мебошад. Оташдонро баъзан дар болои суфача (баландиаш 15 – 20 см) месохтанд. Долони даромадгоҳҳо аз хонаҳо ба ҳавлӣ мебаранд. Деворҳои бино 35 – 75 см ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст. Дар ҳавлӣ танӯр, оташдон сохта, тамоми истиқоматкунандагон аз он истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онҳо асбоби рӯзгор ва осори маданият ёфт шуданд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ кашф гардидааст. Дар Саразм ҷаҳор давраи ҳаёт, ки ёдгориҳои он С-1, 11, 111, 1У ном гирифтаанд, ошкор шуд.
Дар он ҷо наҷҷорию кандакорӣ, кулолгарию оҳангарӣ, дӯзандагию пазандагию ҳалвопазӣ тараққӣ ёфтааст. Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис тилло, қалъагӣ) машғул будаанд.
Мардуми Саразм бо ёдгориҳои меъморӣ ва археологӣ мефахранд. Мис ва қалъагиро омехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш ва сӯзан месохтанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб, давлатҳои Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои даставори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд. Дар байни аҳолии Саразм сохти авлодӣ ҳукмрон буд. Аз рӯи ақидаи олимони ватанию ҳориҷӣ, дар муайян кардани дараҷаи тараққиёти маданияти ҳунармандӣ шаклу намудҳои зарфҳои гилӣ мақоми махсус доранд. Кулолгарони Саразм аввалин шуда, дар минтақаи Шимолу Шарқи Осиёи Миёна ба сохтани зарфҳо, нақшбандиҳои онҳо шурӯъ намудаанд. Ин зарфҳо аз тағора, коса, пиёла, дӯлча, ҷом, кӯза, хурма ва ғайраҳо иборат буданд. Дар кашидани нақшҳои болои зарфҳо саразмиён рангҳои сиёҳ, сурх, ҷигарӣ, зард, лоҷувардӣ, кабуд ва сафедро истифода мебурданд. Зарфҳои гилӣ аз рӯи намуди берунаашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: зарфҳои нақшдор ва бенақш. Дар навбати худ ин ду гурӯҳ боз ба ду гурӯҳи дигар тақсим мешавад: зарфҳои нақшини дуранга (монохромӣ) ва серанга (полихромӣ).
Омӯзиши яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ Саразм дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна саҳифаҳои наверо кушодааст.
Дар барои таърихи қадим доштани Саразм аз тарафи олимони машҳури ҷаҳонӣ мақолаву рисолаҳо таълиф шудаанд.
Ҳафриётро ба таври умумӣ бостоншинос Ролан Безенвал сарварӣ менамояд. Вай аз соли 1984 то ин дам мунтазам ба Саразм меояд. Барои ҳафриёт ба бостоншиносон бинои алоҳида ҷудо карда шудааст. Бостоншиносони фаронсавӣ 400 метри мурббаъ майдони бинои Саразмро кушоданд. Бояд гуфт, ки бинои VII мисли биноҳои дигари Саразм чор давраи биношавӣ дорад, ки ҳар яке аз ҷиҳати олоти меҳнатии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Ролан Безенвал дар рафти ҳафриёт бозёфтҳои зиёдеро дастрас намуд. Яке аз бозёфтҳои назарраси вай осори хонаи истиқоматӣ мебошад, ки ба ибтидои рушди санъати меъмории ниёгонамон рост меояд. Дар байни бозёфтҳо муҳри қӯрғошимӣ барои муайян намудани робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии водии Зарафшон бо кишварҳои Шарқи Наздик аҳамияти махсусро дорост. Соли 1989 Ролан Безенвал дар Саразм ҳамроҳи оилааш кор карда буд. Писараки ӯ Адриани 4 - сола дар хоктӯдаҳои назди ҳафриёт бозикунон забони тоҷикиро меомӯхт. Модараш Розен ҳар пагоҳ бозёфтҳоро ширеш, ҷо ба ҷо намуда, кори ояндаро ба нақша мегирифт. Ролан Безенвал ҳамроҳи тоҷикбачагон кор мекунад. Бачагон бе ягон мамониат бо ӯ бо забони модарии худ гап мезаданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (с.2003, 2005) ба Саразм ташриф оварда, аз ин мавзеъ дидан карданд ва ба корҳои таъмиру тармим дар ин мавзеи таърихӣ эътибори махсус доданд.
Ин иқдоми Сарвари давлат дар омӯзиши яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ – Саразм такони ҷиддие бахшид. Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»-ро қабул кардаааст, ки дар асоси он ба таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқи тоҷик эътибори махсус дода мешавад, аз ҷумла, ба ёдгории Саразм. Ҳоло дар кишвари мо зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, яке аз онҳо Саразм мебошад.
Равшан Усанов,
Сафар Эркаев,
дотсентони ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров
Иловакунӣ
Иловакунии фикр