Нашрияи Омӯзгор

Мулоқот бо хонандагони ғолиб

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо се нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медалҳои тилло ва нуқраро ба даст овардаанд, мулоқот намуд.

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо барандагони медалҳои тиллою нуқра ва сарварони муассисаҳои таълимӣ, ки хонандагонашон ба чунин шарафмандӣ комёб шудаанд, онҳоро табрику таҳният намуд.

Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ аз рӯйи натиҷаҳои олимпиадаи вилоятӣ хонандагони шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 102 медал сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ онҳо миёни мактабҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо 47 медал мақоми сеюмро соҳиб гардиданд. Соли ҷорӣ беш аз 2000 нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои хешро ба макотиби олии мамлакат супориданд. Раиси шаҳр ба роҳбарияти шуъбаи маориф ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла, гимназияҳои №1, 4 ва мактаби №16 барои тарбияи чунин хонандагони пешсаф ва намунавӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро баён дошт.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш