Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, узви вобастаи АИ ҶТ Усмонзода Хайриддин Усмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2019 ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки донишкада дар амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018 – 2021» ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қисми сеюми маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони «Вазъияти омӯзиш ва таҳқиқи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистон ва ояндабинии он» бо фарогири 16 мақолаи илмӣ аз чоп баромаад. Нуҳ дастури методӣ ва таълимии устодони донишкада бо қарори Шӯрои олимон ба нашр тавсия гардид.
Таъкид гардид, ки се нафар рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя карданд, унвони илмии дотсентии се нафари дигар аз ҷониби комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шуд.
Таҳия ва нашри китобҳои дарсиву тахассусӣ ва дастурҳои методӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Рӯзноманигорон сабаби хориҷ шудани донишҷӯёнро пурсон шуданд. Гуфта шуд, ки ин тамоил сол то сол рӯ ба камшавӣ дорад. Агар соли таҳсили 2017 сафи онҳо 140 нафарро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар ду соли минбаъда мутаносибан чил ва ҳаждаҳ нафарро ташкил додааст. Яъне, таваҷҷуҳи шогирдон ба хондану илм омӯхтан хеле беҳ гардидааст.
Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ бори аввал дар донишкада Фестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён барпо шуд. Дар он донишҷӯён аз давлатҳои хориҷӣ ширкат намуда, филмҳои банаворгирифтаашонро мавриди назари ҳакамони озмун гардонданд. Дар Шӯрои дифои рисолаҳо бошад, имсол кор ранги дигар гирифт. Дар баробари ҳимояи корҳои олимони донишкадаамон, ҳамчунин, хоҳишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои ФР, Челябинск, Ӯзбекистон ва ғайра барои ҳимоя тавассути Шӯрои донишкада дархост фиристодаанд. Албатта, ин аз эътирофу эътибори илму ҳунари тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ дарак медиҳад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр