Минтақаи Кӯлоб:
вусъати бунёдкориҳо
Ҳафтаи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ аз чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дидан намуд. Сарвазири мамлакат нахуст ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, ҳамроҳ бо раиси вилоят ва дигар шахсони мутасаддӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи бачагон барои 200 нафар кӯдак, сохтмони бинои тарабхона ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия дидан намуданд.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо рафти корҳои сохтмонии бозори марказии ноҳия ва дар деҳаи Калтачинори Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон аз корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант» ва корҳои сохтмонии хати оби нӯшокӣ шинос шуд. Сарвазири мамлакат, инчунин, аз сохтмони майдончаи варзишӣ, маркази савдо, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, меҳмонхона дар деҳаи Пештова, парваришгоҳи зироатҳои кишоварзӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳаи Мулоконӣ, неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Шибдара, меҳмонхона дар мавзеи Аспоғула, меҳмонхона дар мавзеи Пушти Боғ дидан карда, бо соҳибкорону коргарон суҳбатҳо анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Сарвазири мамлакат дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг низ аз раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал бо рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 340 хонанда дар як баст ва сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати мазкур дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ шинос гардид. Дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохтмони бинои беморхонаи рақамӣ бо суръат идома дорад. Зимни боздид аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба пудратчиёни иншоот баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо дод.
Дар ноҳия корҳои сохтмонии маҷмааи Нишон, Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ хуб ҷараён дорад.
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Муъминобод аз рафти корҳои сохтмонии бинои истиқоматии 5-ошёна дар шаҳраки Муъминобод дидан намуд.
Бунёди осоишгоҳи бемориҳои қалб низ дар шаҳраки Муъминобод бо суръат идома дорад. Сохтмони ин иншооти муҳим имкон фароҳам меоварад, ки 107 нафар дар як вақт ба табобату истироҳат фаро гирифта шаванд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳайати ҳукуматӣ ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи шаҳр, боғи марказӣ, Маркази ҷавонони шаҳр, бунёди биноҳои баландошёна, корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи санъат, Маркази ҷарроҳии дил ва маҷмааи фарҳангию варзишии модару кӯдакро санҷид.
Дар хотимаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири мамлакат бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сарвазири мамлакат ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хуҷанд:
133 иншооти гуногун бунёд шуд
Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввал 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ - 4 иншооти соҳаи маориф, 5 иншооти фарҳангӣ- фароғатӣ, 3 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, 8 бинои истиқоматии баландошёна ва 83 иншооти ҳаётан муҳим бунёд шудаанд.
Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо бештари мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин, Аврупо ҳамкории қавии иқтисодӣ дошта, танҳо дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби 11 корхонаи саноатии шаҳр ба давлатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот содирот гардидааст. Ин рақам дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 15,8 фоиз баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳри Хуҷанд 1902 нафар сайёҳи хориҷӣ ва 3461 нафар сайёҳи дохилӣ ташриф оварда, бо мавзеъҳои дорои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шинос гардиданд.
Фархор:
324 иншоот ба истифода дода
мешавад
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бунёд ва навсозии 324 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, сохтмони 11 муассисаи таълимӣ барои 7480 хонанда, сохтмони 56 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ барои 1400 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 5 маркази саломатӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, 1 таваллудхона, 11 дорухона, 8 ҳаммоми замонавӣ, 15 коргоҳи дӯзандагӣ, 3 кошонаи ҳусн, 34 сартарошхона, 5 бинои маъмурӣ, 2 китобхона, 76 мағоза ва марказҳои савдо, 1 тарабхона, 1 бинои кохи фарҳанг, таъсиси 1 корхонаи афшураи меваю сабзавот, кашидани 21 км хати оби нӯшокӣ, мумфаршкунии 5,7 км роҳҳои шаҳраку деҳот, насби 21 трансформатор, сохтмони 2 бинои ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, 4 толори варзишӣ, 2 коргоҳи дуредгарӣ, 1 устохона, 2 нонвойхона ва чароғонкунии 73,6 км кӯчаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Фархор аз моҳи июни соли 2018 то 17 июни соли 2019 сохтмони 207 иншоот бо вусъати баланд идома дошта, дар 50-тои он аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Дар робита ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат бунёди корхонаи коркарди шир ва корхонаи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ бо маблағгузории Давлати Кувайт дар шаҳраки Фархор идома дорад. Дар назар аст, ки бинои мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Варзоб:
270 иншоот сохта мешавад
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмони 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони саховатманд 56 адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои номбурда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаш моҳ 76 ҳазору 320 нафар сайёҳ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1014 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети ноҳия 1 миллиону 224 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Ворух: нахустин мактаби хусусӣ
бунёд мегардад
То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сохтмону навсозии 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли 2019 бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Ворух бунёду навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазнамоии 14 иншоот роҳандозӣ гардидааст.
Соҳибкорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар яке аз маҳаллаҳои нави аҳолинишини деҳа як мактаби муосир сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон туҳфа менамоянд. Инчунин, сарвари литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов тасмим гирифтааст, дар деҳоти Ворух нахустин мактаби хусусиро бунёд намояд. Дар ҳудуди деҳоти Ворух навсозии бинои Қасри фарҳанги деҳа бо 650 ҷойи нишаст, толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар мактаби №23 барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони бинои нави таълимӣ бо толори варзишӣ дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 ҷойи нишаст, мумфарш намудани 4 км роҳи марказии самти Ворух -Чоркӯҳ, сохтмони чоҳи амудӣ дар маҳаллаи Бумиён, инчунин, мумфарш ва чароғонкунии 1,5 км роҳи маҳаллаи Сангтӯда аз кӯчаи марказӣ то мактаби навбунёд, сохтмони толори муосири варзишӣ дар маҳаллаи Қалъача бо 200 ҷойи нишаст идома дорад.
Таҳияи
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр