Нашрияи Омӯзгор

Чаро наврасон душвортарбия мешаванд?

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 956        Шарҳ: 0

Душвортарбия кист?

«Фарзанд меваи умр  аст», - гуфтаанд. ҳар як падару модар мехоҳад, ки меваи умраш  беайбу нуқс ба самар бирасад ва барои амалӣ гаштани ин хостааш талош мекунад. Мутаассифона, на ҳамеша хоставу орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Баъзе фарзандон аз роҳи дурусти таълиму тарбия берун шуда, ба қавле «душвортарбия»-ву «саркарда» мегарданд. Чаро бачаҳо «душвортарбия» мешаванд? Сараввал бояд бидонем, ки «душвортарбия»-ву «саркарда» кист. Мутахассисони соҳа ин зуҳуротро ин гуна тафсир (тавсиф) кардаанд:

«Душвортарбия»-шахсест, ки майл ба раванди ҳаракатҳои манфӣ дорад. «Саркарда» (лидер) -шахсест, ки қобилияти идоракунии як гурӯҳи муайяни одамонро дорад. Саркарда «кор»-ро худаш анҷом намедиҳад, онро ба воситаи дигарон иҷро мекунад. Ба қавли дигар, «саркарда» коргардон асту «душвортарбия»-ҳои дигар иҷрокунанда.

Бачаҳои душвортарбия дар ҷомеаи мо имрӯзҳо ангуштшуморанд, вале шумораашон дар ҳоли афзудан аст. Олами ин гуна нав-расон чӣ гуна аст? Аз андешаҳои мутахассисон метавон чунин хулосабардорӣ намуд, ки дар вуҷуди бачаҳои душвортарбия ота-ши қаҳру ғазаб аланга мезанад, бо каме мушкилӣ дунёро чаппагардон карданӣ мешаванд, дар ҳама кор якравӣ нишон медиҳанд, табъашон  зуд-зуд хира шуда, ноорому беқарор мешаванд, наздиконашонро гӯш намекунанд, идоранашавандаанд. Калонсолон ихтиёри идораи онҳоро қисман ё пурра аз даст медиҳанд. Наврасони душвортарбия асосан бо 5 хислати умумиашон аз бачаҳои дигар фарқ мекунанд:

- ҳеҷ касро ба дунёи худ роҳ додан намехоҳанд, навозишу меҳрубониро таҳаммул надоранд;

-ба ҳеҷ кас бовар намекунанд;

- аз иртиботи наздик бо атрофиён дурӣ меҷӯянд;

- аз одамон кумак гирифтанро қабул надоранд;

- дар таҳсил ва сарфи ғизо мушкилӣ мекашанд.

Сатҳи ҷинояткории ноболиғон (рӯ ба омор)

Аз рӯйи маълумоте, ки аз Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (ХПҲНҶ  РВКД) ба мо пешниҳод намуданд, маълум гардид, ки миқдори ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар пойтахти кишвар дар соли сипаригашта як андоза коҳиш ёфтааст, аммо бо вуҷуди ин вазъ ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. Аз тарафи ниҳоди мазкур бо мақсади паст  намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва  ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон 1344 маротиба амалиёти муштарак бо номҳои шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда»  гузаронида шуда, 5556 ноболиғи кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ содирнамуда дастгир гардиданд. Аз ин шумора 1159 нафарро барои оворагардӣ, 338 нафарро барои талбандагӣ, 2036 нафарро барои иштирок дар марказҳои дилхушӣ, 177 нафарро  барои ҳаммолӣ (боркашӣ), 914 нафарро барои дигар ҳуқуқвайронкуниҳо… дастгир  кардаанд. Аз 5556 ноболиғи дастгиршуда 3280 нафарашон хонандаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 237 нафар хонандаи мактаб-интернатҳо, 298 ноболиғи коргар, 40 нафар аз оилаҳои носолим ва 1577 нафарашон, ки дар ҳеҷ ҷо кору  таҳсил намекунанд, маҳсуб меёбанд. Дар соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 120 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир шуда, 98 ноболиғ дар ҷиноятҳо иштирок кардаанд.

Тибқи маълумотномаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар  соли 2017  аз тарафи ноболиғон 690 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 (2016-693 ҳолатро ташкил медод)   3 ҳолат ё 0,4% камтар аст. Дар 690 ҳолати содирнамоии ҷиноят 683 ноболиғ иштирок намудааст, ки аз инҳо 26 нафарашон духтар ва  657 нафарашон писар  мебошанд. Ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон содир шудааст: ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ҳаракатҳои  зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, тайёр кардан ва истифода бурдани маводи нашъаовар, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, авбошӣ ва амсоли инҳо мебошанд.

Аз ин омор маълум мешавад, ки аксари наврасону ноболиғон аз роҳи дурусти таълиму тарбия дур монда, даст ба корҳои ношоям мезананд. ҳол он  ки вазифаи ҷонии онҳо имрӯзҳо танҳо таҳсил намудан ва илму донишу ҳунар омӯхтан аст.

Тарбияи насли наврас

вазифаи кист?

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо агар суол кунем, ки тарбияи насли нав-рас вазифаи кист, ҳатман ба мо посух медиҳанд: мактаб. Ягон нафар ё ниҳоде худро масъул намедонад, мехоҳанд, ки ин вазифаи ниҳоят “пурташвиш”-ро, ба қавле, “аз сари худ соқит намоянд”. Тарбия намудани насли ҷавон вазифаи заҳматталаб ва пурмасъулият мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, боби 4, моддаи 11 чунин омадааст:

“Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд:

Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда мешаванд...”

Аз ин гуфта чунин бардошт мешавад, ки таълиму тарбия танҳо вазифаи падару модар ё мактабу соҳаи маориф набуда, дар ин рос-то кумитаву ниҳодҳои дар боло зикршуда низ масъулият бар дӯш доранд. Яъне, бояд раванди таълиму тарбияро дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бо ҳама ниҳодҳои дахлдор ба роҳ монд, зеро “аз як даст садо наояд”.

Сабабу омилҳо

Муайян кардани сабабҳои “душвортарбия” шудани баъзе ноболиғон кори осон нест. Бо ин мақсад сараввал бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ  ҳамсуҳбат шуда, андешаҳояшро дар ин хусус пурсон шудам. Мавсуф изҳор дошт, ки решаи асосии тарбияи ахлоқӣ ва ҳам бетарбиягии кӯдакон дар оила ниҳон аст. Дар робита ба ин масъала, як қатор камбудиҳоро дар тарбияи фарзанд дар муҳити оилавӣ баррасӣ менамоем. Ин камбудиҳо, пеш аз ҳама, дар тарзи зисту рӯзгузаронии аҳли оила, дар муносибатҳои байниҳамдигарии аъзои он ва ниҳоят, рафтору кирдори манфии ҳар як аъзои оила ва ё яке аз онҳо  зоҳир мешавад. Масалан, рағбат ба чизпарастӣ, пулпарастӣ ба тарбияи ахлоқии наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдаке, ки дар чунин оила ба воя мерасад, албатта, ин рӯҳия ба ӯ сироят мекунад. Агар кӯдакон зери таъсири нохушоянди  чунин тарзи ҳаёти оилавӣ бимонанд, минбаъд онҳо дар зиндагӣ, алалхусус, дар раванди таҳсилу илмомӯзӣ ба  душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ  мешаванд, чунки дар оила як ғоя ва дар мактабу ҷомеа дигар шеваи рафтор тарғиб карда мешавад. Бинобар ин, психологияи  онҳо мумкин аст иллат ёбад, ки ин хатари бади иҷтимоӣ дорад. Амалҳои авбошӣ, ба забон овардани алфози қабеҳ дар ҳамон хонандагоне мушоҳида карда мешавад, ки ё таҷрибаи манфии аъзои калонсоли оиларо пешаи худ мекунанд, ё алорағми хоҳиши волидайни худ ин корро анҷом медиҳанд. Камбудии тарбияи ахлоқии кӯдакон дар оила ин нишонаи камаҳамиятии падару модарон буда, эшон ба ҳайси воситаи тарбиявӣ танҳо ҷазои ҷисмониро истифода мебаранд, ки ин кӯдакро якраву тарсончак мекунад. Баъзе волидон ин ё он намуди ҷазову танбеҳро нодуруст истифода мебаранд. Масалан, мегӯянд: «Ту имрӯз бо бачаҳо ба футболбозӣ намеравӣ», «Имрӯз ба дарси иловагӣ намеравӣ», ё ин ки «То он даме ки барои дарси табиатшиносӣ дафтар нахарӣ, ба маҳфили зардӯзӣ намеравӣ». Чунин муносибат натанҳо кӯдакро тарбия намекунад, балки ба ӯ таъсири бади рӯҳӣ мерасонад. Падару модаронеро дучор шудан мумкин аст, ки натанҳо  ба тарбияи фарзандон аҳамият намедиҳанд, балки онҳо ба тартибу низоми муҳити хонаводаи худ бетавофутӣ зоҳир менамоянд. Онҳо намедонанд, ки фарзандашон бо кӣ дӯстиву рафоқат ва муносибати наздик доранд.

(Давом дорад)

Дилафрӯз қурбонӣ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш