Нашрияи Омӯзгор

Ба тақсимот роҳ ёфтед!

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

25  июли соли равон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи  дохилшавӣ ба муассисаҳои  таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 эълон карда шуд.

Аз  Маркази миллии тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки чун солҳои пешин маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора, инчунин, ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Бояд гуфт, ки дар паёмак ба ҳар довталаб дар бораи рақами назоратӣ, холҳои бадастоварда ва  ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб маълумот фиристода шуд.

Маркази миллии тестӣ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯ шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 3 август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дов-талабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисм(ҳо)-ро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, агар дов-талаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисмҳои дигари дахлдор супоридани қисми В ё қисми Г/Д-ро талаб кунаду довталаб аз қисми В ё қисми Г/Д холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г/Д холҳои гузаришро соҳиб нашудааст, вале аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш