Нашрияи Омӯзгор

Балҷувон: 67 омӯзгор бо маълумоти миёна фаъолият доранд

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода иттилоъ дод, ки  дар ноҳия 676 нафар омӯзгор ба таълим тарбия машғуланд, ки аз ин шумора 430 нафар маълумоти олӣ, 18 нафар маълумоти олии нопурра, 161 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 67 нафар маълумоти миёнаи умумӣ доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи маорифи ноҳия  азнавсозии 35 муассисаи таълимӣ ва 8 муассисаи томактабӣ дар муддати солҳои 2018-2021 пешниҳод гардидааст. Бояд қайд кард, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии муассисаи таълимии №13, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №19 аз ҳисоби буҷаи вилоят ва ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) бинои нави муассисаи таълимии №12 ба истифода дода шуд. Корҳои лоиҳакашӣ дар муассисаҳои таълимии № 4,5 ва 34, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, идома доранд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш