Нашрияи Омӯзгор

Муъминобод: мактабҳо ба таъмир ниёз доранд

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳир зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия сухан ронда, аз ҷумла, қайд намуд, ки имсол муассисаҳои таълимии ноҳияро 1497 нафар хатм намуда, 19 нафар тариқи квотаи Президентӣ, 1422 нафар тибқи ММТ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ аз қайд гузаштанд, ки 94,7% - ро ташкил мекунад. 

Ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 58 муассисаи таълимӣ корҳои бунёдкорию азнавсозӣ идома ёфта истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкорон дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 26,35,39,41,43 ва 50 таъмири пурра, хариди мизу курсӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ, таъмири толори варзишӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ба анҷом расонда шуд. Дар ноҳия мактабҳои №№ 5,7,9,37, 38 ва 54 ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш