Нашрияи Омӯзгор

Темурмалик: кадрҳои омӯзгорӣ намерасанд

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Ф. Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО  иброз дошт, ки дар ноҳия барои бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон аҳамияти махсус дода мешавад, то имрӯз 1158 нафар хонанда бо либоси мактабӣ таъмин карда шудаанд. Масъалаи бунёду тачдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохтмони  бинои муассисаҳои таълимии №1-и шаҳраки Совет барои 640 нафар хонанда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №4, №18, сохтмони толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ дар назди мактаби №6  бо тариқи ҳашар ва таъмири пурраи муассисаҳои таълимии №№3,39,2,1,2 аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони забонҳои русӣ, англисӣ, математика, химия, биология, физика, адабиёт ва география эҳтиёҷи калон дорад. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш