Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода иттилоъ дод, ки дар соли хониши 2018-2019 барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия шуъбаи маорифи ноҳия як қатор корҳоро анҷом додааст. Айни ҳол дар ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия, хонаи бачагон ва 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 768 нафар кӯдак фаъолият дорад. Дар соли хониши 2018-2019 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ 6 нафар хонандаи синфи 11 иштироки намуда, сазовори 1 медали тилло ва 1 медали нуқра гардиданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 дар шаҳраку деҳоти Фархор 604 иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, 38 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабӣ, 96 синфхонаи иловагӣ, 4 толори варзишӣ бунёд мегардад. Барои бо сару либоси мактабии ватанӣ таъмин намудани мактаббачагон байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи ҶДММ «Само-К» ва сеххои дӯзандагии маҳаллӣ барои 16 ҳазору 700 нафар хонанда тайёр намудани либоси мактабӣ шартнома баста шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр