Нашрияи Омӯзгор

«Дасти булӯрин»

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Пайрав  Сулаймонӣ  аз ҷумлаи шоирони тавонои тоҷик буд ва  хеле ҷавон, дар 34 - солагӣ ин  дунёро  тарк намуд. 

Ба муносибати 120 – солагии ин  шоири фарҳехта бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди адабии Садриддин Айнӣ маҷмӯаи шеърҳои Пайрав  бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ бо номи «Дасти булӯрин» («Хрустальные руки») аз чоп баромад. Дар он ашъори ғиноии Пайрав, ки ифодагари ҳунари шоирӣ ва тозакориҳои ӯст, фароҳам оварда шудааст.  26 шеъри  шоир,  ки гулчини ашъори лирикии ӯст, ба забони русӣ ба тарҷумаи А. Адалис ва Л. Мигдалова тааллуқ дорад. Чунонки дар пешсухани китоб адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов гуфтааст: «… шеъри Пайрав Сулаймонӣ чун насими тоза, чун офтоби баҳорон, чун чашмаи ҷонбахш дарахти тануманди шеъри тоҷикиро пайваста ғизо ва рӯҳ мебахшид, ниҳолони умедбахши боғи адабиёти навинро ба он дарахт мепайваст».

«Дасти булӯрин» туҳфаи хубест барои дӯстдорони каломи бадеъ. 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш