Нашрияи Омӯзгор

Ҳисси масъулият муҷиби пешравиҳост

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар баробари ҳамкорӣ доштани аксари волидон бо мактабу омӯзгорон, иддае падару модароне вомехӯранд, ки ҳатто намедонанд духтар ё писарашон дар кадом синф мехонад ва сатҳи саводу донишашон дар кадом сатҳ аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо мактаби замонавӣ сохта ва заминаҳои моддии муассисаҳо бо техникаву технологияи навин таъмин гардиданд. Ҳамин аст, ки сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тадриҷан баланд мегардад ва хонандагони тоҷик  пайваста дар масири омӯзиш қарор дошта, ба муассисаҳои олӣ дохил мешаванд.

Дар баландтарин деҳае дар Бартанги Бадахшон мактабҳои замонавӣ сохта шуд, ки даврони Шуравӣ ин макон ҳатто ба ёди кас намеомад. Вале имрӯз деҳу музофоти дурдасттарин аз мадди назари Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, ободу зебо мегардад. Ин аст, ки имрӯз мардуми кишвар сиёсати созанда ва ободгаронаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, саҳми хешро барои рушду пешрафти ҷумҳурӣ мегузорад.

Соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки он аз сӯйи аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд ва ҳамбастагиву ҳамкории мактабу волидонро қавӣ гардонд.

Масъулият боиси пешрафт мешавад, зеро ҳар куҷо масъулияту поквиҷдонӣ дар мадди аввал гузошта мешавад, он ба баланд гардидани  сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад. Асри навин тақозо мекунад, ки насли наврас аз илму техникаи муосир бояд бархӯрдор бошад ва забонҳои хориҷиро донад ва масъулияти мо низ дар ҳамин аст, ки шогирдонамонро дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия кунем ва донишманду закӣ ба камол расонем.

 

Сайриямо Фозилова,

омӯзгори  мактаби №28, шаҳри Душанбе   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш