Дар бораи нафаре мехоҳам ҳарф занам, ки бештар аз як дӯст ва бародар эҳтиромаш мекардам. Бо Маҳмадшариф Қараев (зодаи ноҳияи Ховалинг) бори аввал дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф шинос шудам.
Марде бо хислату хулқи наку, хушсухану хушзавқ ва самимӣ. Аз табори фазлу китоб ва фарҳанги воло… Афкори рангин ва маҷмӯаи навиштаҳояш дар шакли китоб ба чоп расидаанд. Чакидаҳои хомааш ҳамагӣ маъниҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва худшиносиро талқин мекунад. Ашъори Файзулло Ансорӣ ва Лоиқ Шералиро азёд медонист. Ҳарфу пиндораш наку ва гуфтораш бо амал яке…! Сухану гуфтор ва тамоми андешаҳояшро бо шеър оғоз мекард. Бо ҳаводиси зиндагӣ назари нек дошт ва ба он бо чашми нек менигарист. Ботамкин, сабур, солор…
Беҳтарин дӯст, беҳтарин рафиқ, беҳтарин роҳнамо, беҳтарин омӯзгор дар ҳаёт… дар ҳама ҳолат, дар афсурдаҳолӣ, яъсу ноумедӣ ва суруру нишот дар барам қоим, чун як қаноти устувор. Ҳатто дар ғояти хашму ғазаб, қаҳру ситез ва асабоният чора меҷуст ва касро ором мекард. Танбеҳи сабук, ҳазлу шӯхиҳояш зуд чорагар мешуд.
Маҳмадшариф фарзандони солеҳу солиму созандаро тарбия карда, ба камол расонидааст. Ҷигарбандонаш дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти назаррас доранд. Аз он ки фарзандон дар ҷомеа мақому мартаба ва манзалати хешро пайдо кардаанд, шукрона мекард. Сарфароз аз он буд, ки нахли умеду орзуҳояш самар оварда, боровар шуданд. Фаъолияти худи Маҳмадшариф низ дар ҷомеа хеле пурсамар буд. Вай дар чандин мусоҳибаи телевизионӣ низ ширкат варзида, андар боби худшиносиву бедорӣ ва ватандорӣ суҳбатҳо анҷом додааст. Зуд-зуд аз ҳоли якдигар хабар мегирифтем. Маҳмадшариф хуштабъу ҳозирҷавоб буд. Як лаҳза ҳеҷ аз хотирам намеравад. Боре ба хабаргириаш рафтам, нишаста хеле суҳбат кардем. Ҳангоми хайрухуш гуфтам «Маҳмадшариф, биё як - ду соат сайр мекунем ва сипас, ба хонаи мо меравем». Маҳмадшариф бо ханда ҷавоб дод: «Не, Авазбек! Ман аз ин хона ҳанӯз умеди зиёд дорам!».
Ашъори Хоҷа Ҳофизро дӯст медошт. Байтеро аз «Лисон-ул – ғайб» пайваста замзама мекард:
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист
нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад
барои дӯст.
Дӯсти азизам Маҳмадшариф, воқеан ҳам, марди шарифу соҳибдил буд. Ёдаш ҳамеша бо мост. Дар қалби дӯстону бародарон, ҷигарбандон ва пайвандон ҳамеша ҷовидон аст.
Авазбек Ширинбеков
Иловакунӣ
Иловакунии фикр