Нашрияи Омӯзгор

Дар қадамҷоят гул хоҳем кошт

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Устод Тӯрабек Ҷобиров, дорандаи нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, шуъбаи маорифи ноҳия, нафаре, ки наздик ба чил сол собиқаи омӯзгорӣ дошту аз ин 18 сол ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия кор кардааст, мебошад.

Мавсуф тавонист тавассути меҳнати софдилонаву фидокорона дар қалби ҳазорҳо шогирд ба таври абадӣ кохи мунаққаши муҳаббати устоду шогирд ва ҳамкасбонро бунёд созад.

Устод касби худ ва шогирдонро хеле зиёд дӯст медошт, барои тақдири минбаъда, идомаи таҳсил ва муваффақияти онҳо талош ва кӯшишҳои зиёде менамуд.

 Дар тӯли солҳои мактабӣ ба мо омӯзгорони зиёде дарс гуфтанд ва аз ҳар кадоми онҳо бо худ пора- пора хотироти равшане дорем ва барои ҳар ҳарфи омӯхта аз эшон миннатдор ҳастем.

Вақте ки мо - хонандагони синфи 9-уми солҳои охири замони шӯравӣ баъд аз хатми мактаби 8-солаи деҳа ба мактаби №2-и ноҳия  барои таҳсил сафарбар шудем, роҳбарияти мактаб ба мо гуфтанд, ки фанни забону адабиётро муаллим Тӯрабек Ҷобиров таълим медиҳад. Мо, хонандагон, ҳанӯз намедонистем, ки муаллими нав чи гуна шахсест. Дарсҳои забону адабиёт ва ҳафтаҳои фаннӣ, ки бо ташаббуси устод Ҷобиров ташкил карда мешуд, хеле шавқовар ва пурмуҳтаво мегузашт. Хонандагони мактаб дар озмунҳои фаннӣ,  хусусан аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои намоён мегаштанд.  Баъд аз дарс ҳам ба муаллим суолҳои зиёде медодем ва ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда пайдо мекардем. Шогирдони  тарбиянамудаи устод Ҷобиров бо дониши худ аз дигарон тафовут доштанд ва имрӯз дар соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми назарраси худро мегузоранд.

Ёд дорем, вақте ки аз хусуси касби омӯзгорӣ аз устод суол кардем, дар посух гуфт: «Албатта, соатҳои корӣ ва ғавғои хонандагон табиист, ки омӯзгорро хаста менамояд, аммо ӯ муваззаф аст ба синфхона бо табъи болида ворид шавад. Омӯзгор пайваста бояд дар фикри тадриси босифат бошад. Ҳар рӯз аз худ бипурсад, ки дарси додаи ӯ ба шогирдон писанд омад ё на? Оё ӯ тавонист талаботи фарзанди мардумро қонеъ гардонад? Тӯли дарс бояд коре кунад, ки хонанда дар дарси ояндааш иштирок карданро орзу намояд ва дар хона бо ин хаёл хобаш барад».

Устоди мо соҳиби ҳамин гуна сифатҳо буд ва  ҳар як дарси ӯро бесаброна интизор мешудем. Сабку услуби дарси эшон  моро хаста намекард.

Бузурге мефармояд: «Шогирдонро дастгирӣ бояд намуд, то арзиши вақтро ба хубӣ эҳсос карда, дарсҳои муҳими амалиро азхуд намоянд. Аммо ҳар як фанро қаблан бояд худи устод самимона дӯст дошта бошад, шогирдон хеле зираканд, онҳо хуб дарк менамоянд, ки муаллим касби худро дӯст медорад ё на». Устоди азизи мо Тӯрабек Ҷобиров пешаи худ ва шогирдонашонро дӯст медошт ва шогирдон низ эшонро бародарвору падарвор эҳтиром мегузоштанд. Устод дар ҳар мактабе, ки фаъолият дошт, сазовори муҳаббати беандозаи ҳамкасбон ва хонандагон буд.

Мусаллам аст, ки баъзе хонандагон дар мактаб ҳангоми тадрис дилгир мешаванду бархе ҳатто дар машғулиятҳо иштирок кардан намехоҳанд.

Устод Ҷобиров  ҳамеша ҷустуҷӯ мекард, ки ба шогирд чизи нав гӯяд. Дар қолаби барномаи таълимӣ маҳдуд нагашта, васоити мухталифи дарсиро низ истифода мебурд.

Суханҳои устод, ки замоне ба мо, шогирдони камтаҷрибаи ҳанӯз аз оламу одам бехабар, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфта буд, дигар ҳаргиз бетаъсирамон нахоҳад гузошт: «Медонам, ки рӯзе ҳамаи шумо бузург мешаведу соҳиби ҷойи кору вазифаҳои гуногун ва манзилу мошинҳои хусусӣ мегардед. Танҳо муаллим аст, ки то рӯзи будан  як одами муқаррарӣ ва шахси бузургсолу хоксоре боқӣ мемонад. Агар дар зиндагӣ бо меҳнати ҳалол ин дороиҳоро соҳиб гардед хуб, агар не, боке нест, аз ин ғамгин ҳам нашавед. Аммо аз ҳамаи шумо як хоҳиш дорам, ҳар гоҳ аз назди мани солхӯрда бо шитоб гузаштед ва дар оинаи мошин чеҳраи маро дида шинохтед, лаҳзае ист кунед. Бо устоди даврони мактабиатон салому алайк гӯед. То қалби хешро таскин бидиҳам ва бовар ҳосил намоям, ки заҳмати кашидаам зоеъ нарафтааст».

Пайванди устодиву шогирдии  мову муаллимамон тӯли солҳои зиёд гусаста нашуд. Ҳар гоҳ ки бо устод дучор меомадем, сари роҳ ё дар мактаб, ҳамеша аз кору фаъолияти ҳар як ҳамсинфамон пурсон мешуданду маслиҳату тавсияҳои худро дареғ намедоштанд.   

Марги устод пурҳикмат буд. Ҳангоми дарсгӯӣ саломатиаш якбора нохуб гашта, то омадани мошини ёрии таъҷилӣ қалбашон аз тапидан бозмонд. Дар маросими видои устоди арҷманд хурду бузург ашк мерехтанд.  Ду моҳ қабл аз ин, даргузашти ногаҳонии ҳамсараш Ширмоҳ Нурова, ки ҳанӯз ба синни нафақа норасидаву ба тарбияи насли наврас машғул буд, шогирдон ва ҳамкасбонро андуҳгин сохта буд. Баъд аз марги ҳамсари меҳрубон устод дигар натавонист дар мактабе, ки якҷоя кор мекарданд, фаъолияташро идома бидиҳад. Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳия ба кор  гузашт. Барои ҳамдардӣ ва хабаргирӣ ба хонааш рафтем, хеле шикастадилу хастарӯҳ ва нороҳат менамуд. Бемории ҳамсараш ва саргардониву талошҳои бесамарашро қисса карда, ашки ҳасрат мерехт. Устод таъкид кард, ки ба қадри ҳамдигар бирасем. Ҳар лаҳзаи ҳаётро босамар истифода бубарем, чун умр хеле қимат ва вақт ниҳоят кӯтоҳ аст.  Аммо мо боз ҳам эҳсос накардем, ки ин охирин дидорбинӣ бо устод аст.

Имрӯз панҷ нафар фарзанди устод, ки ҳар кадом соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд ва ҳар яке мувофиқи пешаи интихобнамудаи худ кору фаъолият менамоянд, номбардори падару модар мебошанд. Кӯшиш менамоянд, то номи поки волидон то абад дар ёди азизону ҳамкорон ва шогирдон ба некӣ боқӣ бимонад. Бовар дорем, ки  фарзандон чароғи хонаи падариро, ки ороста аз нури илму маърифат аст, ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳанд кард. 

 

Моҳсафар ЯҲЁЗОД,

 дорандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,

Гулсара САИДОВА,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш