Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ гарави комёбист

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Дар тарбияи наврасон оила мактаби аввалинест, ки вай дар он тарбия мeгирад, донишу малакаи рӯзгордориро aзхуд мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад. Фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгораш падару модаронанд, таълим мегиранд. Таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият хеле бузург аст.

Ҳар як наврас аз хурдсолӣ орзуи ҳаёти хушбахтонаро дар дил мепарварад. Баҳри расидан ба орзуи худ марҳилаҳоеро низ тай мекунад: камолот, яъне таҳсил дар мактабу донишгоҳ; фаъолияти касбӣ, яъне илму ҳунари омӯхтаи худро дар коргоҳи муайяне истифода бурдан. Ин ҳама имкон медиҳад, ки шахсият ниёзҳои моддию маънавии худро қонеъ гардонад ва дар ҷомеа мақоми сазовор пайдо кунад.

Бар дӯши волидон вазифае гузошта шудааст, ки он сода нест; аз наврасон тарбия намудан инсони солим ва умедбахш. Маълум, ки тарбияи наврас худ ба худ амалӣ намешавад. Он якчанд равандро дарбар мегирад: аз ҷумла, омӯзиши дониш ва ахлоқи намунавӣ дар хона ва мактаб, дар ҷомеа, ҷаҳонбиниаш дар ҷамъият, донишу маърифат ва омилҳои дигар. Барои пурра тарбия намудани кӯдак бояд волидон низ  равандҳои асосии тарбияро донанд.

Агар тарбия бо як маром дар асоси қоидаҳои пешгузошта амалӣ шавад, он гоҳ назари тарбиявии волидон ба фарзанд мусбат гашта, фаъолияташон зиёд мешавад. Дар ин ҳолат кӯдак дуруст тарбия ёфта, дар назди худ ҳадафҳои мақсаднок гузошта, барои шахсият шудан дар худ бовар ҳосил менамояд ва ҳаракатҳояш дар амалисозии нақшаҳояш бештар ҳадафмандона мегарданд. Дар ин раванд нуктаҳои зеринро волидон, мураббиён ва омӯзгорон бояд дар мадди назар дошта бошанд:

-меҳру муҳаббат ба наврас;

-дастгирии наврасон дар ҳама ҳолат;

-пеш аз он ки наврасро, тарбия ва насиҳат кунед, бояд худ намуна бошед;

-амалӣ намудани мақсад.

Албатта, ҳар як падару модар фарзанди худро дӯст медорад. Аммо кӯдакро ҳамеша зери назорат бояд дошт ва камбудиҳояшро эҳтиёткорона таъкид намуд. Камбудиҳои кӯдакро пинҳон доштан оқибати хуб надорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамкории оила ва мактаб рукни асосии тарбия буда, устувории он дар заминаи садоқат, иззату ҳурмат, ҳисси масъулият ва сабру тоқати муштарак имконпазир acт. Дастгирии наврасон бояд аз тарафи устодон ва оила дар асоси шавқу завқи онҳо амалӣ шавад, он гоҳ он натиҷабахш хоҳад шуд.

Агар волидон ҳарчӣ бештар бо мактаб ҳамкорӣ кунанду худ намунаи ибрат бошанд, наврасон ба омӯхтани дониш шавқу ҳаваси ҳамешагӣ пайдо мекунанд, мекӯшанд, ки баодобу хушрафтор бошанд.

 

Ҷамолиддин Ҷалилов,

ҷонишини директор оид ба таълими мактаби №78-и шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш