Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро мегирад ва аз ояндаи боз ҳам шукуфони Ватани азизамон башорат медиҳад.
Ҳамчун собиқадори соҳаи мактаб ва маориф ин ҳуҷҷати муҳимро мутолиа карда, ба андеша меравам, ки ҷумҳурии мо дар даврони соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, ба комёбиҳои зиёде ноил гардидааст. Паём бо тафсири вазъи сиёсии ҷаҳон оғоз меёбад. Мо, мардуми Тоҷикистон, низ ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавем ва бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, кулли ҳамдиёронамон, махсусан, ҷавононро бояд аз васвасаҳои авомфиребонаи сиёсати зумрае аз ниҳодҳои ифротгаро эмин нигоҳ дорем ва тинҷию осудагии кишварро халалдор насозем.
Имрӯз замон аз мо, аҳли маориф, тақозо дорад, ки бештар фаъолият зоҳир намуда, шогирдони худро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ягонагии миллӣ, боинтизомию аълохонӣ тарбия намоем. Барои ин ба мо давлату ҳукумат ҳама шароиту имконотро фароҳам овардаанд.
Даъвату дастурҳои Паём бояд ягон шахсро бетараф нагузорад. Мақсаду маром ва ҳадафҳои ин ҳуҷҷати муҳим танҳо ва танҳо боз ҳам беҳбуд бахшидан ба рӯзгори мардум ва таъмини устувории ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҳамагон мебошад.
Ман ифтихормандам, ки тамоми умр дар хидмати мактаб ва маорифам. Маориф соҳаи афзалиятнок буда, вусъати рӯзафзуни он вобаста ба ҳар кадоми мост. Мо боғбони боғи дониш ба шумор рафта, бо ҳунари худ гулҳои тозаи фардоро ба камол мерасонем. Ватан барои мо, боғбонҳо, ғамхории пайваста дорад. Аз мо танҳо заҳмат, меҳнати фидокорона ба нафъи ҷомеа кардан лозим меояду бас.
Соли ҳаштум аст, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба сифати сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот кор мекунам. Бахши мазкур соли 2010 таъсис дода шудааст ва баҳри такмили фаъолияти донишгоҳ ва таъмини пешрафти он пайваста корҳои зиёдеро сомон мебахшад.
Корбариҳои бомароми бахш имкон фароҳам овард, ки сафи бадхонон, дарсшиканҳо ҷиддан коҳиш дода шавад, масоили таҷрибаомӯзию машқандӯзии шогирдон хеле такмил ёбанд.
Як рукни асосие, ки бахши сифати таҳсилот дар донишкада роҳандозӣ кардааст, санҷишҳои омодагӣ ба машғулиятҳо, сифати ҷараёни таълим ва бо ин васила комёб шудан ба фаъолгардии донишҷӯён мебошад.
Мониторингҳо, баҳогузорӣ, таҳияи барномаҳои санҷишӣ ва дастурҳои амалӣ, ташкили тадқиқотҳои ҳадафманд аз ҷониби бахш натиҷаҳои судманд ба бор оварданд.
Қурбон ҒОИБНАЗАРОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр