Дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ чорумин фестивали дӯстдорони табиат – «Табиатваҳш – 2019» баргузор шуд. Ин фестивал, аслан, ба ҳифзи бабри барфӣ, ки шумораи ками он дар кишварамон боқӣ монда, ба «Китоби сурх» ворид шудааст, бахшида шуд.
Дар он зиёда аз 400 нафар сайёҳи хориҷӣ иштирок дошта, пеш аз оғози фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои хоҷагии халқ ва консерти ҳунармандони ноҳия пешниҳод гардид.
Дар асоси талаботи барномаи фестивал байни хонандагони мактабҳои ноҳия оид ба ҳифзи ҳайвоноти нодири минтақа озмуни «Иншои беҳтарин» баргузор гардид. Аз ҷониби ташкилкунандагони фестивал ғолибон ва иштирокдорони озмун бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ шуданд.
- Баргузории чунин фестивалҳо натанҳо робитаи инсонро ба табиат боз ҳам қавӣ месозад, балки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳифзи табиат ва фарҳанг заминаи хуб мегузорад, - қайд кард раиси ВМКБ Ёдгор Файзов.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр