Яке аз вазифаҳои асосии роҳбари маҳфили ҳунармандӣ омӯзонидани осори ҳунармандӣ ва дар ин замина, дуруст тавзеҳ бахшидани воситаҳои ҳунарие, ки аз тарафи устоҳои мардумӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ба шумор меравад.
Аз ҷумла, хонанда моҳияти ҳунари наққоширо бояд фаҳмад, ки чӣ тавр устои мардумӣ нақшҳои гуногунро дар чӯб меоварад.
Хусусиятҳои санъати декоративӣ-амалӣ аз рӯи омилҳои зерин аён мегардад: асарҳои ин ду намуди санъат дар хонандагон маданияти эстетикии эҳсосоти олами материалиро меомӯзонад, моҳияти фаҳмишу дарки эстетикиро дар хонанда такмил медиҳад. Корҳои таълимӣ-тарбиявӣ дар маҳфилҳо оид ба наққошӣ дар чӯб, ба такмили омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби хонандагон мусоидат мекунад. Наққоши пуртаҷриба барои сафарбар кардани хонандагон, (корҳои) асарҳои хуби худ, ё асарҳои устоҳои гузаштагонамонро намоиш дода, таҳлил мекунад. Омили хубтарини намоишу муаррифии ҳунари наққошӣ нақшу нигори «ислимӣ» ва «гиреҳ» мебошад. (узор – нақш, нақшу нигор, гулдузӣ; орнамент – нақш, гул, гулбурӣ, нақшу нигор) (ислимӣ – расм, гулҳои растаниҳо). Нақшу нигори гулҳо ва растаниҳо гуногуншакланд, ки аз хатҳои каҷ дар шакли камон (қавс), каҷак (ҳалқаи мӯй, зулф, печу тоб), мавҷҳо иборат мебошанд. Унсурҳои асоснок, бодом, (қаламфур) занҷабил ва ғайра мебошанд. Ҳаракати дасти устодро, ки дар он печу тоби гулҳои нақшу нигор, нозук гузаштани роҳҳо ошкор мегардад, мушоҳида карда, хонандагон бо кайфияти баланд амалиёти устодро такрор мекунанд ё кӯшиш мекунанд, ки такрор кунанд.
Мураккабии кори роҳбари маҳфил дар он аст, ки наққошӣ дар чӯб истилоҳи (терминология) ягона надорад.
Яке аз масъалаҳои асосӣ, чиҳозонидани ҷои корӣ, устохона, интихоби масолеҳи корӣ, асбобу лавозимот мебошад.
Дар ҳаёти мардум, бисёр намудҳои корҳои санъати декоративӣ-амалӣ истифода карда мешаванд. Дар аксар хонаводаҳо маҳсулоти (объектҳои) қадима нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо асарҳои ҳақиқии санъат мебошанд. Бисёре аз он намунаҳо дар осорхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаи декоративии ҳайкалҳои қадимаи лоиҳакашон бо нақшу нигораш базаи методии маҳфилро бой мегардонад.
Фард дар кӯдакӣ гуфтаҳои роҳбари маҳфилро хуб ва дуруст қабул мекунад, ки кори тарбиявию омӯзишӣ дар вақти гузаштани вақт (ҷавонӣ, калонсолӣ) мушкил мегардад. Барои хонандагони синни калони мактабӣ масолеҳи зарурӣ пешкаш карда шавад, кифоя аст, аммо барои хурдсолон роҳбари маҳфил бояд системаи машғулиятҳоро то охири таълим кор карда барояд.
Усулҳои таълимоти аввалаи наққошӣ дар чӯб, ки дар замони ҳозира дар марказҳо, муассисаҳо истифода карда мешавад, ба ҳунаромӯзии наврасон равона карда шудааст, асосан машқҳо ин нусхабардории композитсияи нақшу нигор мебошад.
Дар ин қатор табақтарошӣ як навъ ҳунарест, ки ба соҳаи чӯбкорӣ алоқаманд мебошад. Солҳои пешин ҳунармандон дуконҳои табақтароширо ба мисли осиёбҳои обӣ болои ҷӯю дарёчаҳо месохтанд. Зеро барои мудаввару суфта гардидан ҳатман бояд дастгоҳро қувваи об давр мезанонд ва устоҳо бо каҷтеша табақро ба шакли давра ва дохили онро барои таомхӯрӣ қулай месохтанд. Бинобар гуфтаи устоҳои табақтарош, пештар барои сохтани як табақ аз се то ҳафт рӯз сарф мешуд. Аслан дар гузашта табақтарошӣ амали мавсимӣ будааст. Яъне барои табақтарошӣ танҳо фасли баҳор муфид буда, дар ин фасл аз боришоти зиёд оби ҷӯю дарёҳо зиёд мешудаанд.
Метавон гуфт, ки якбора чанд асбоби замонавӣ барои табақтарошӣ истифода мешаванд, ки кори устоҳои табақтарошро дучанд сабуктар намудаанд. Масалан, солҳои пеш барои буридани дарахти чормағз, чинор ва зардолу, ки аслан табақ бинобар сабаби мустаҳкамтар будани ин дарахтон аз онҳо тарошида мешавад, асбобҳои арраю табар истифода мешуданд. Ҳоло бошад, арраҳои барқию бензинӣ ки дар кӯтоҳтарин муддат ин амалро иҷро менамоянд, ба кор бурда мешаванд. Пештар барои рост кафонидани чӯб, ки табақ аз ҷониби амудии он тарошида мешуд, бо тешаю табар ва арра заҳмати зиёд сарф мешуд. Ҳоло дастгоҳи ростбуранда (серкулярка) ин амалро ба осонӣ иҷро менамояд. Бояд гуфт, ки бо истифода аз чунин дастгоҳҳои техникӣ ҳатто чӯб низ сарфакорона истифода мешавад. Зеро, чунонки медонем, солҳои пеш ҳангоми кафонидани чӯб ё тарошидан қисми зиёди он дар шакли тароша корношоям мешуд.
Омӯзиши ҳунари табақтарошӣ барои хонандагон – аъзои маҳфили ҳунаромӯзӣ дар замони муосир хеле муфид мебошад.
Акобир Риоев,
омӯзгори калони кафедраи
таҳсилоти касбии
ДҶТИБКСМ,
Матлуба Қосимова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №7-и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ,
Шаҳноза Абдиева,
миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр