Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи расмҳои сюжетнок дар машғулиятҳо

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои томактабӣ барои шавқовару ҷолиб гузаштани машғулиятҳо истифода аз расмҳои сюжетдор (манзаравӣ, тасвири фаъолияти меҳнатӣ, саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ва ғайра) аҳамияти калон дорад.

Расмҳои мазкур ба сухан гуфтан, фикри худро баён кардан ва дар умум, инкишофи нутқи шифоҳии тарбиятгирандагон мусоидат карда, ташаккули фикрронии мустақилонаи онҳоро суръат мебахшад. Бояд зикр, ки истифодаи расмҳои сюжетдор ва аҳамияти судманди онҳо дар ташаккулу такомули зеҳнии тарбиятгирандагон аз ҷониби олимони хориҷию ватанӣ мавриди пажӯҳиши васеъ қарор гирифта, онҳо дар заминаи таҳқиқоти худ ба хулосае расиданд, ки амали дидан (тамошо кардан) аз амалҳои бозӣ, хондан, муаммоёбӣ ва амсоли ин зудтару бештар ба ҷанбаи гуфтор ё нутқи наврасон таъсир ва таҳрик мебахшад. Аз ҷумла, олимони рус В.Лубовский ва Л.Яссман исбот намуданд, ки таваҷҷуҳ ба расмҳои манзаравӣ кӯдакро маҷбур месозад, ки бо ғалату иштибоҳоти забонию грамматикӣ ҳам бошад, фикру мулоҳизаҳои содаи ҳосилкардаашро дар хусуси ашёи мушоҳидакардааш баён намояд. Албатта, дар ин ҳолат мураббия ва омӯзгор ба кумаки ӯ шитобида, дар талаффузи калимаҳо  мадад мерасонад.

Мо аз таҷрибаи худ дар машғулияти аввал ба тарбиятгирандагон расми «Оила»-ро пешниҳод намудем, ки ба фаҳмишу дарки онҳо хеле наздик аст. Онҳо ҳамарӯза дар халқаи оила, дар назди падару модар, бародару хоҳарон ва апаҳояшон қарор доранд. Дар гирди як дастурхон менишинанд, бо ҳам муошират мекунанд, телевизор тамошо мекунанд.

Аз ин рӯ, дар ин бора бардоштҳои аввалия доранд. Бо тамошои расм андешаҳояшон мукаммал гардида, тақвият меёбад. Дар дарси дуюм бошад, расми нисбатан мушкилтарро бо номи «Ҷанҷол»  манзури тарбиятгирандагон мегардонем. Албатта, мавзӯю муҳтавои ин расм низ ба зеҳни шогирдон наздик аст, аммо ифодаи фикр ва баёни андешаҳо аз наврасон бинобар дар саҳнаи расм амал кардани якчанд қаҳрамон, бешубҳа, мушкилӣ эҷод мекунад. Дар машғулияти сеюм маъмулан расми манзаравии «Баҳор»-ро ба тамошо мегузорем, ки бо ҷузъиётнигории худ душвортар аз расмҳои пешина аст, зеро хонандаро лозим меояд, ки ҳар як ҷузъи табиатро дар фасли баҳор ки бо тобиши рангҳо ҷилои тоза пайдо кардааст, таҳлил ва баррасӣ намояд. Дар вақти баёни фикр муҳим он аст, ки тарбиятгиранда ба тартибу муназзамии ифодаи гуфтор диққат диҳад. Дар баргузории ин машғулиятҳо омӯзгор ҳамчун ҳидоятгар ба хонанда кумак мерасонад, хатоҳои ӯро ислоҳ мекунад, шакли дурусту саҳеҳи баёни ифодаро таъкид ва хотиррасон месозад. Истифодаи суратҳои сюжетнок ба он бояд мусоидат кунад, ки тарбиятгирандагон дар бораи моҳияти расм маълумоти дуруст ҳосил намояд, фикрашонро саҳеҳу дақиқ баён карда тавонанд.

 

Фирӯза МУРТАЗОЕВА,

мураббии ширхоргоҳ-

кӯдакистони №159,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш