Нашрияи Омӯзгор

Табиатро кӯдакон дӯст доранд

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Бояд қайд намуд, ки тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакон дар ҳафт соли аввали ҳаёт хусусиятҳои вижа дорад. Ҳадаф, масъулият, рисолат, муҳтаво ва методу усулҳои таъсиррасонии калонсолон ба шахсияти кӯдакон дар заминаи ба инобат гирифтани синну сол ва фардияти онҳо муайян мегардад.

Давраи томактабӣ дар ташаккулёбии шахсияти кӯдак нақши муҳим дорад. Дар натиҷаи таъсиррасонии ҳадафмандонаи калонсолон ва шавқу рағбат, майлу хоҳиши кунҷковонаю омӯзиши кӯдак ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, бояд кӯдак то панҷсолагӣ, ки равоншиносон ин синро дар тарбияи кӯдак марҳалаи муҳим медонанд, табиат ва муҳити зистро омӯзад.

Зеро табиат ва шинохти зебоиҳои он дар ҳаёти минбаъдаи кӯдакон нақши муассир дорад. Шинохти барвақтии кӯдак бо табиат низ хеле барвақт пайдо мешавад. Робитаи кӯдак бо табиат  аз замони ба дунё омаданаш  оғоз меёбад.

Ташаккули тасаввурот дар бораи табиати зинда ҳангоме шакл мегирад, ки  кӯдак дар бораи  растаниҳо ва сабзишу парвариши онҳо маълумот ҳосил намояд. Ин корро омӯзгор-мураббӣ дар боғча (яслӣ) ба кӯдак меомӯзонад. Аммо падарау модар ва шахси масъул набояд ин корро танҳо бар дӯши омӯзгор-мураббӣ таҳмил созад. Бар замми ин, бояд кӯдаконро кӯдаконро ба олами парандаҳо, тарзи ҳаётгузаронӣ ва аломатҳои хоси зоҳирии онҳо ошно созанд.

Баъдан тасаввурот дар бораи табиати ғайризинда, аз ҷумла, об, ях, барф, борон ва дар натиҷаи ин сар задани ҳодисаҳои табиат, ба монанди  шамол, гармию хунукӣ, обхезӣ, сел, заминларза ва ғайраро дар зеҳни кӯдакон ташаккул бояд дод.

Инчунин, мувофиқи гуфтаҳои равоншиносон, мураббияҳо бояд кӯдаконро зуд - зуд ба сайри табиат бурда, ба онҳо имконият диҳанд, ки аз дидаҳояшон суҳбат кунанд ва ба ин васила, онҳоро барои хулосабарорӣ омода созанд.

Парвариши меҳру муҳаббат ба табиат ва муҳити зист дар ҳаёти кӯдакон нақши муассир дорад. Ба ин минвол кӯдак метавонад зебоиҳои табиатро дарк карда эҳсос намояд. Вақте кӯдак табиат ва муҳити зисташро дарк кард, зебоиҳои онро шинохту аз он лаззат бурд, муносибат бо гулу гиёҳ, меваю растанӣ ва дигар мавҷудоти зиндаву ғайризиндаи табиатро бояд омӯзад.

Лазон БАЁЗОВА,

 омӯзгор- мураббии муассисаи

давлатии томактабии №157, ноҳияи Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш