Обшавии пиряхҳо, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани муҳит ё низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, бо масъалаи дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда тавассути ифлос шудани оби ошомиданӣ масъалаҳои мубрам ва глобалие мебошанд, ки ба ҳаёти имрӯза ва ояндаи аҳолии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонанд.
Сол аз сол инсоният ба гармои шадид рӯ ба рӯ мешавад. Тибқи оморҳои расмӣ соли 2008 35-40 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво сабабгори 30-35% кам шудани воридоти об дар обанборҳои Тоҷикистон шуда буд. Тағйири иқлим сабабгори дар зарфи чанд соли охир кам шудани оби дарёҳои асосии ҳавзаи баҳри Арал - Сирдарё ва Амударё гардид. Мусаллам аст, ки ин дарёҳо аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва камшавии оби дарёҳои мазкур маънои камшавии оби тамоми минтақаро дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз солҳои 90-уми асри ХХ дар ин минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай 3 маротиба хушксолӣ такрор шудаву обшавии пиряхҳои азими Тоҷикистон сол ба сол зиёд мегардад. Тибқи омори мавҷуда дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон қариб 35%-и пиряхҳо об шудаанд. Мисол, танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод. Бинобар ин, ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи табодули обу ҳавои ҷаҳон, муқаддас шумурдани об ба унвони сарчашмаи ҳаёт, пешгирии офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим дар сайёраи Замин ва манотиқи кӯҳсору соҳилии дунё худ таҷрибаи нодир ва иқдомоти таърихӣ дар байни беш аз дусад давлати ҷаҳон аст. Кишварҳои олам, донишмандон ва коршиносони муҳити зист, созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, олимони экологияву табиатшиносӣ, намояндагони амнияти экологии Осиёву Аврупо хуб медонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустинҳо шуда, дар оғози асри XXI барои саодати башар ва наҷоти он иқдом намуд ва дар ин ҷабҳа муваффақ шуд. Ин ташаббуси ҷаҳонӣ дар самти обу экология хоси як миллат, як халқ ва як тоифа не, хоси башарият ва ҳифзи амнияти комили кураи арз аст.
Тоҷикистон ягона кишварест, ки барои ободии сайёраи Замин ва нигоҳдории он аз буҳрони экологӣ барномаи дақиқ ва пешниҳоди илмии худро ҳанӯз дар соли 2003 пешниҳоди аҳли сайёра сохт. Бо гузашти марҳалаи кӯтоҳе аз таърихи ташаббусҳои Тоҷикистон башарият имрӯз андак-андак аз ғафлату хомӯшии хеш ва аз зиёдаравӣ дар истифодаи сарватҳои табиӣ раҳо шуда истодааст. Донишмандону коршиносони Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ мегӯянд, ки дар сурати боло рафтани оби уқёнусҳо ва об шудани пиряхҳо дар қутби ҷанубӣ, он кишварҳое, ки аз сатҳи баҳр поён ҳастанд, дучори обхезиҳои мудҳиши бузург қарор хоҳанд гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масоили дохилии кишвар ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ диққати махсус дода, онҳоро аз доираҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳар ду масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳои олимонаи ӯ аз ҷониби тамоми мамолики дигари ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 - Соли оби тоза эълон карда шуд. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, с. 2018-2028» қабул гардид, нишонаи бебаҳси ин гуфтаҳост. Пешниҳод ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи пешбурди сиёсати обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби созмону ташкилоти бонуфуз, аз ҷумла, СММ пазируфта шуда, кишвари мо дар самти пешбурди сиёсати ҳадафманд дар масъалаи об, ташвиқи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таъмини дастрасии мардум ба оби мусаффои ошомиданӣ нақши муҳим дорад. Чанд соли охир Тоҷикистон ташаббускори асосӣ дар эълони қатъномаҳои СММ оид ба масоили об мебошад.
Хайрӣ НИЯЗОВА,
омӯзгори забони хориҷии
коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Иловакунӣ
Иловакунии фикр