- Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 262 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 7 нафар доктори илм ва профессор, 72 нафар номзади илм ва дотсент фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Донишкада ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пурра шомил гашта, таҳсил бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст, - гуфт зимни нишас-ти матбуотӣ ректори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода.
- Пояи моддию техникӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо истифода аз воситаҳои техникӣ баргузор мегардад.
Дар соли хониши 2018-2019 нақшаи қабули довталабон ба донишкада, ки ҳамасола аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 99,6 % иҷро гардид, ки он 1044 нафарро ташкил дод.
Соли равон 1274 нафар, аз ҷумла, 40 нафар донишкадаро бо дипломи сурх хатм карданд.
Барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ дар донишкада таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2019 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.
Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад.
Дар донишкада парки технологии таълимии «Дӯхтани либосҳои замонавӣ» мавҷуд буда, дар он донишҷӯён метавонанд курсҳои кӯтоҳмуддати қаннодӣ, тарроҳӣ, моделер - дӯзандаро омӯхта, соҳиби касб шаванд. Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада намояндагони васоити ахбори умумро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр