Нашрияи Омӯзгор

Аз комёбиҳо ҳарф задан гуворост

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Абдуғаффор Ахмедов

- Муаллими муҳтарам, мехостем дар оғози суҳбатамон муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти аҳли маорифро дар замони муосир ҳамчун роҳбари омӯзгорони як шаҳри бонуфуз тавзеҳ бубахшед.

- Омӯзгор роҳнамову пешбари аҳли ҷомеа мебошад. Комёбиҳои мо на танҳо дар соҳаи маориф, боиси дар тамоми соҳаҳои дигар бо фаъолияти шарафмандонаву пурифтихори омӯзгорон вобастагӣ дорад». Ин суханон аз ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос шуданд. Сарвари кишвар ин нуктаро зимни аксар мулоқоташон бо аҳли ҷомеа, суханрониҳояшон дар ҳамоишҳои гуногун ба такрор таъкид менамоянд ва он аҳамияту моҳияти фаъолияти аҳли таълиму тарбияи мамлакатро ба таври фишурда, вале хеле возеҳ ифода мекунад.

Чанде пеш дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи Вазорати маориф ва илм баргузор гашт, ки ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли равон бахшида шуда буд. Дар он, аз ҷумла, самтҳо ва аҳдофи фаъолияти аҳли маориф ва илм мавриди гуфтугӯву  мубоҳиса қарор гирифт. Вазири маориф, муҳтарам Нуриддин Саид таъкид карданд, ки ҳоло бояд кулли омӯзгорон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро ба такмили сатҳу сифати донишомӯзии шогирдон равона созанд ва аз василаҳои муассиру судманди таълиму тарбия ҳадафмандонаву мавридшиносона истифода намоянд. Маълум, ки мо дар айёми пешрафтҳои ҳайратовари илму техника ва дар замони бархӯрди манфиатҳову ҷаҳонишавии бисёр арзишҳои башарӣ зиндагӣ дорем. Ин ҳолат, махсусан, аз насли наврасу ҷавонон омӯзиши амиқу фарогир, ҷидду ҷаҳди пайваста ва ҳушёриву бедорӣ такозо дорад. Дар замони мо танҳо аз асосҳои фанҳои меҳварӣ хуб ноогоҳ шудаву чанд забони хориҷиро омӯхтаву дар истифодаи технологияи навин мумтоз гардида, мутахассиси фаъол шудан имкон дорад. Мо шогирдонамонро бояд барои мутобиқ будан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот омода намоем. Тарбияи онҳоро дар сатҳе ба роҳ монем, ки ҳаргиз гирифтори доми фиреби неруҳои иртиҷоиву ҷоҳталабу тахрибкор нашаванд, донишу биниши сиёсиашон комил бошад.

- Аз ин дидгоҳ фаъолияти аҳли маориф дар шаҳри Гулистон дар кадом поя қарор дорад? Омӯзгорон ин ҷо ба чӣ тозакориҳое даст задаву ба чӣ натиҷаҳое расидаанд?

Мо ҳамагӣ 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназия ва 10 кӯдакистон дорем. Аз теъдоди умумии омӯзгоронамон (686 нафар) беш аз ҳаштод дар садашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд ва қисмате дар мактаби олӣ ғоибона таҳсил доранд. Омӯзгорони мо пайваста такмили ихтисос менамоянд, дар курсҳои мухтасари бозомӯзии аҳли маориф фаъолона ширкат меварзанд, аз воситаҳои ахбори умум (махсусан, аз нашрияҳои соҳавӣ) ва дастуру китобҳои методӣ бархӯрдории ҳамешагӣ доранд. Мекӯшем, ки иттиҳодияҳои методии омӯзгорон ва ҳамоишҳои дигари устодонамон мазмуну муҳтавои баланд дошта бошанд, ба такмили ҷараёни таълиму тарбия муроҷиат намоянд. Чунончи, дар давоми соли таҳсили гузашта илова ба омӯзиши омӯзгорон дар курсҳои махсус, мо оид ба низоми таҳлили салоҳиятнок беш аз даҳ маротиба ҳамоиши махсуси омӯзгорони зинаҳои якуму дуюми таҳсилотро баргузор намудем.

Як зумра омӯзгорони фаъолонамон оид ба таҷрибаи судманди ҳамдигар, усулҳои пешбари таҳсил, корбасти методҳои гуногуни таълиму тарбия дар нашрияҳои маҳалливу вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мақолаҳо интишор менамоянд. Ин ҳама мусоидат ба он карда, ки солҳои охир сатҳи саводнокии хонандагонамон то ҷое боло рафтаву онҳо, аз ҷумла, дар як силсила озмуну сабқатҳои сатҳи гуногун ба комёбиҳо ноил гардиданд.

- Дар ин хусус метавонед мухтасаран аз чанд далел ёдовар шавед?

- Албатта. Имсол ду нафар хонандаи мо ба даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии мактабиён роҳ ёфта сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медали нуқраву Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм гардиданд (аз фанҳои забон ва адабиёти рус ва таърихи халқи тоҷик).

Боз ду шогирди таълимгоҳҳоямон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии наврасон ширкат варзида, ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Комёбиҳои хонандагонамон дар озмунҳои фосилавии байналмилалӣ бештар чашмрасанд. Дар чунин озмунҳо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 нафар иштирок намуда, аксар соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Масалан, дар озмуни байналмилалии фосилавии Аймаси Таиланд аз фанни математика 100 нафар донишозмоӣ карда, даҳ нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва дар фарҷом як хонанда сазовори ҷои дуюм (дар ҷаҳон!) ва медали нуқра гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо, ки моҳи июни соли равон дар мактаби Президентии шаҳри Душанбе баргузор шуд, чор хонандаи мо ба дарёфти диплом (аз фанни забони тоҷикӣ, биология, таърих) ва як нафар ба дарёфти унвони ифтихории узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо ноил гардиданд.

Дар озмунҳои гуногуни шаҳрию вилоятӣ низ шогирдони мо дастовардҳо доранд. Танҳо як далел меорем аз ин боб: дар оғози соли равон озмуни вилоятии «Рассомони ҷавон» баргузор гашт, ки иштирокдорони зиёд дошт. Ва дар ин озмуни бонуфуз хонандаи боистеъдоди мо Умеда Каримова (аз мактаби №2) ҷойи дуюмро соҳиб гашт.

Бояд бигӯям, ки 2 нафар шогирди мактабҳои мо гирандаи идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 нафар гирандаи идрорпулии раиси шаҳри  Гулистон мебошанд. Воқеан, аз комёбиҳои хонандагонамон дар сабқатҳои варзишӣ низ метавонем бо ифтихор сухан бигӯем.

- Дар чанде аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ масъулини шуъбаи маориф аз камтаваҷҷуҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба маблағгузорӣ баҳри ободонии муассисаҳои таълимӣ гиламанданд.

- Хушбахтона, мо дар сафи чунинҳо нестем ва аз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрамон қаноатмандем. Дар соли таҳсили равон ҳукумати маҳаллӣ барои харидории воситаҳои техникии таълим 200 ҳазор сомонӣ, барои таъмири мактаби №11-и шаҳраки Консой 35 ҳазор сомонӣ, барои таъмири куллии мактаби №6 400 ҳазор сомонӣ, барои насби шабакаи гармидиҳӣ дар се мактаб 18000 сомонӣ, барои ташкили кабинетҳои фаннӣ дар чанде аз таълимгоҳҳо 280 ҳазор сомонӣ, барои омодасозии лагерҳои фароғатии мактабиён 100 ҳазор сомонӣ ... ҷудо ва дастраси мо намуд, ки ин ҳама андак маблағ нест ва боиси обод гаштани хеле аз муассисаҳои таълимӣ гардид.

- Муаллим, шумо танҳо аз дастовардҳои соҳа ва самтҳои фаъоли кори шуъбаи маориф ҳарф задед, магар…

- Фаҳмидам. Албатта, ба қавли маъруф, кор бе камбудӣ намешавад. Дар фаъолияти мо низ самтҳои такмилталаб ва ҳамбаста бо норасоиҳо ҳастанд. Лекин ҳоло ки аҳли маориф рӯҳияи идона доранду ба соли нави таҳсил ва ба машваратҳои августӣ омодагӣ мегиранд, беҳтараш, дар бораи дастовардҳоямон ҳарф занем. Дафъаи дигар ба назди мо оед, ба мактабҳо меравем, бо омӯзгорону волидон суҳбат меороем, он гоҳ гуфтугӯямон фарогиртар хоҳад шуд. Ва умуман, аз комёбиҳо ҳарф задан ҳамеша гуворост, махсусан, аз минбари нашрияи маҳбуби ҳамаи мо аҳли маориф - «Омӯзгор».

 

Мусоҳибон

А.МУРОДӢ,

Н.РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш