Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки самти фаъолияти донишкада ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Тибқи як қатор нақша – чорабиниҳо сохтори донишкада тағйир ёфт, ки он аз Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, парки технологӣ, панҷ раёсат, се факулта, нуҳ кафедра, нуздаҳ шуъба ва ду бахш иборат мебошад.
Абдухалил Ғафурзода илова кард, ки дар донишкада таълим аз рӯйи 5 ихтисос дар зинаҳои бакалавриату магистратура ба роҳ монда шудааст, ки шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантон дар маҷмӯъ, 1924 нафарро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2018 – 2019 донишкадаро 352 донишҷӯву магистрант хатм намуданд, ки аз инҳо 34 нафарашон дипломи аъло гирифтанд. Бо сабаби баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан дар комиссияи аттестатсияи хатм даҳ нафар магистрант хориҷ гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи устодони донишкада шаш китобу монография ва дас-тури таълимӣ, инчунин, зиёда аз панҷоҳ мақолаи илмиву оммавӣ нашр гардид.
Донишкада бо бештар аз 12 муассисаи илмию таълимии хориҷи мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр