Нашрияи Омӯзгор

29 нафар донишҷӯ хориҷ гардиданд

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Директори  иҷроияи  филиали Дониш-гоҳи давлатии  Москва ба номи М. В. Ломоносов  дар шаҳри Душанбе, доктори илми физика – математика Сайъало Мирзоев дар нишасти матбуотӣ, аз ҷумла, зикр намуд, барномаҳои таълимӣ аз рӯйи шаш равия мутобиқи талаботи стандартҳои федералии таҳсилоти олии СФДТ 3 + дар ду факулта – илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ амалӣ карда мешаванд. Дар факултаи илмҳои табиӣ   аз рӯйи самтҳои математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, дар факултаи  гуманитарӣ  бошад, аз рӯйи самтҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва лингвистика мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Бино ба иттилои директори  иҷроия,  дар шаш моҳи соли ҷорӣ 29 нафар донишҷӯ хориҷ гардидаанд. Аксари хориҷгардидагон донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ва соли аввали таҳсил мебошанд, ки асосан барои қарзи академӣ ва таҳсили ғайриқаноатбахш хориҷ шудаанд. Сабабҳои асосии он дар тайёрии нокифояи донишҷӯён дар давраи таҳсил дар мактабҳои миёна арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин, дар асоси қарори директори филиал барои донишҷӯёни сустхон дарсҳои иловагӣ аз фанҳои математика, физика, информатика, химия ва забони русӣ ташкил карда шудааст.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш