Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ аз рӯйи панҷ ихтисос – кори табобатӣ, педиатрия, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа, стоматология ва фарматсия мутахассис омода менамояд.
Гуфта шуд, ки донишгоҳро имсол 1556 нафар хатм карданд, ки аз байни онҳо 55 нафар дипломи аъло гирифт. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар донишгоҳ ду рисолаи докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардид.
Ректор иттилоъ дод, ки айни замон донишгоҳ бо 125 муассисаи таълимиву илмии хориҷа ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
М. Гулзода қайд намуд, ки се нафар донишҷӯи факултаи тиббии донишкада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаи панҷуми муассисаҳои олии касбии кишвар ширкат варзида, аз фанҳои забони тоҷикӣ, биология, фалсафа сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ се нафар донишҷӯи донишгоҳ аз фанҳои биология, химия ва фалсафа сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Дар нишаст оид ба паҳлуҳои дигари фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла, дар бораи тарбияи фарҳангӣ, варзишиву маишӣ, илмӣ – инноватсионӣ ва табобатии донишгоҳ, озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, корҳои ободонӣ ва монанди ин маълумоти муфассал дода шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр