Нашрияи Омӯзгор

Санъати роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Дар шароити кунунӣ таълифи дастурҳои илмию методӣ ва таълимӣ аз муаллифон малакаву маҳорат ва истеъдоди баланд талаб менамояд.

Зеро тавассути дастурҳо омӯзгорон аз навовариву навигарӣ ва дигаргуниҳои соҳа бохабар гардида, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дастури навбатии ректориДонишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, ки «Роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ» ном дорад, дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардидааст. Он, асосан, ба ҷанбаъҳои асосии рисолати сарварӣ дар муассисаи таълимӣ, минҷумла, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида шудааст.

- Бо дарназардошти вазъияти феълӣ - қайд мекунад Х.Қурбонзода, - такмили дониш, тахассус ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар ин замина аз бар намудани техникаю технологияи замони муосир василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳдошти сифати таҳсилот ва дар маҷмӯъ, рушди муассисаҳои таълимист.

Муаллиф роҷеъ ба нақши муҳим сарвари муассисаи таълимӣ аз ҷумла, менигорад: «... ҳама гуна ғояеро, ки мо ҳангоми таҳқиқ, омӯзиш ва таҳлил мавриди баррасӣ қарор медиҳем, бояд дар заминаи андешаи миллӣ татбиқ гардида, саршор аз маънии худшиносӣ, худогоҳиву худҷӯӣ бошад». Сипас, ӯ сифатҳои роҳбарро шартан ба 6 унсур гурӯҳбандӣ месозад, ки қобили таваҷҷуҳанд. 1. Маърифатпарварӣ; 2. Худшиносӣ ва худҷӯиву худогоҳӣ; 3. Шахсияти ҳушманд ва фаъол; 4. Эҷодкунандаи муҳити солими педагогиву психологӣ; 5. Шахсияти навовар; 6. Бо ҷасорат будан (дар ҳалли масъалаҳои мубрами таълимӣ, тарбиявӣ, молиявӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ғайра бо ба эътибор гирифтани фикру дархост ва пешниҳоди ҳайати омӯзгорон).

Муаллиф ин сифатҳои сарвари таълимиро шарҳу тавзех дода, таъкид месозад, ки сарвари муассиса бояд аз хисоли баргузидаи инсонӣ, чун маърифатмандию сухангустарӣ, хушкаломиву дилсофӣ ва соҳибиродагию ҷасурӣ бархӯрдор бошад. Баҳри доро будан ба ин хислатҳо роҳбари таълимгоҳ бояд мусаллаҳ будани хешро бо фарҳанги баланди омӯзишу мутолиаи осори адабиёти классикии форсу тоҷик, муосир ва ҷаҳонӣ исбот намояд.

Дар пешбурди ҳамаҷонибаи        фаъолияти муассисаи       таълимӣ, - фикрашро идома медиҳад Х.Қурбонзода, - сарвар бояд ҷасорату иродати тамом зоҳир намуда, баҳри мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии муассисаи таълимӣ, дарёфти роҳҳои маблағгузорӣ дар боби ободу зебо намудани саҳни таълимгоҳ, масоили созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон бо қадрдонию ҳавасмандгардонии пай дар пайи онҳо, ҳалли мушкилоту проблемаҳо, сари вақт бо имтиёзоти пешниҳодшуда таъмин гардондани омӯзгорон ва ғайра тамоми нерую ғайрати хешро сарф намояд.

Зимни баёни фикру ақида, мусанниф аз ҳидоятҳои Сарвари давлат, бахусус, Паёми ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи миллии тарбия бамаврид истифода бурда, мо - роҳбарони муассисаҳои таълимиро ба бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи ҳувият ва асолати фарҳангӣ, ба вижа, рушди маънавии ҷомеа даъват менамояд.

Иззатулло Ҳалимов,

сарвари муассисаи таҳсилотии

миёнаи умумии № 26-и ноҳияи

Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш